Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ 8 майдончаи замонавӣ бунёд мекунад

Январь 16, 2019 18:23

ДУШАНБЕ, 16.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ин сол дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) – шаҳри Хоруғ 8 майдончаи замонавӣ бунёд мекунад. Дар ин бора и.в. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар мулоқот бо варзишгарони вилоят изҳор дошт.

Тавре қаблан хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, роҳбари вилоят дирӯз 95 нафар варзишгарон ва мураббиёни вилоятро, ки соли гузашта ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд, бо мукофоти пулӣ, шаҳодатномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ намуд.

Ё. Файзов иштироки варзишгарон–зодагони вилоятро дар мусобиқаҳои байналмилалии соли 2018, ки миёни онҳо чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов ва барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо Шакармамад Мирмамадов мебошанд, махсус зикр намуд.

Ӯ изҳори боварӣ кард, ки варзишгарон аз Бадахшони Кӯҳӣ минбаъд низ дар чемпионатҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ сазовор баромад мекунанд.

Имрӯз дар ВМКБ 10 мактаби варзишӣ ва 62 иншооти варзишӣ фаъолият доранд. Соли 2018 варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 65 медали тилло ба даст оварданд.

Январь 16, 2019 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд