Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ: «Дар ҳудуди қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аъзои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ба қайд гирифта нашудаанд»
ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гуфтаҳои муовини вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Игор Зубов оид ба он ки гӯё интиқоли густурдаи ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бо чархболҳои ношинос аз Покистон ба марзҳои Тоҷикистону Афғонистон шурӯъ шудааст, изҳороти расмӣ паҳн намуд.
Дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадӣ гуфта шудааст: «Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон рухдиҳанда назорати фаъол дошта, аз вазъи фаврӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқифанд.
Миёни мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкории зич ва устувор ба роҳ монда шуда, дар сурати зуҳури аъзои ДИ дар ҳудуди қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон мо огоҳ хоҳем буд.
Бевосита дар қисмати хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз аъзои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-и мамнӯъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд.
Имрӯз дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба тезутунд шудани вазъ неру ва таҷҳизоти Қӯшунҳои сарҳадӣ кофист ва барои ба сарҳад бурдани неру ва техникаҳои иловагӣ зарурат нест. Инчунин дар хатти дуюм неруҳои қисми низомии Вазорати мудофиаи кишвар мустақаранд.
Таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар робита ба вазъ дар Афғонистон ҳоло зарурат надорад.
Ба қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, барои таҳкими иловагии он тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.
Шабонарӯзи гузашта кӯшиши убури ғайриқонунӣ, таҳрик ва рахна кардани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, инчунин ягон ҳодисаи ба ҳудуди Тоҷикистон афтидани тир ё гулӯла ба қайд гирифта нашудааст.
Дар сурати таҳрик ва муташанниҷ шудани вазъият бояд дар ёд дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви чунин созмонҳо, ба мисли СААД, СҲШ буда, тамоми масоил пешакӣ матраҳ шудаанд».








14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?






