«Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе- Хуҷанд зиёд намуд

Январь 22, 2019 09:05

ДУШАНБЕ, 22.01.2019/АМИТ «Ховар»/.  Вобаста ба муваққатан баста шудани роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, инчунин бо мақсади қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози хатсайрҳоро дар масири Душанбе-Хуҷанд-Душанбе зиёд намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.

Интизор меравад, ки ширкати «Сомон Эйр» то охири моҳи январи соли равон  парвозҳоро дар самти мазкур ду маротиба дар як рӯз иҷро хоҳад кард. Дар сурати то охири моҳи январ барқарор нашудани ҳаракати нақлиёти мошингард ширкати ҳавопаймоӣ омода аст парвозҳоро дар ин самт ду маротиба дар як рӯз анҷом диҳад.

Бори аввал нест, ки парвозҳо дар самти мазкур ҳангоми  басташавии роҳҳо, ки пойтахтро бо Хуҷанд мепайванданд, зиёд мегарданд. Қаблан низ дар рӯзи басташавии роҳ ва боришоти зиёд ширкати ҳавопаймоӣ миқдори парвозҳоро байни Душанбе ва Хуҷанд зиёд намуда буд, то сокинони ду шаҳр сари вақт ва бехатар ба нуқтаи таъйинотӣ расида тавонанд.

Парвозҳо аз пойтахт ба Хуҷанд тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мегарданд.

Январь 22, 2019 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид