ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 январ, сешанбе, 1-умин рӯзи соли 2019 аст

Январь 1, 2019 09:00

1 январи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Роҳбарони ду давлат дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро баррасӣ намуданд.

***

3 сол пеш, 1 январи соли 2015 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси вақти Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус ба муносибати таҷлили Иди миллии Ҷумҳурии Куба барқияи табрикӣ фиристоданд.

***

1 январи соли 2018 унвони «Омӯзгори соли Тоҷикистон» насиби Раъно Икромова гардид.

1 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Ҷашни пуршукӯҳ ва рангоранг — Соли нав дар бештари давлатҳои чаҳон (шаби 31 декабр ба  1 январ).

***

Рӯзи байналмилалии сулҳ.

***

Дар Камерун – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Литва – Рӯзи парчам.

РӮЙДОДҲО:

1 январи соли 2017 ВАО хабар доданд, ки соли 2017 дар ҷаҳон ҳамагӣ 9 ҳодисаи садамаи ҳавопаймоҳо ба қайд гирифта шудааст. Ин аз ҳама нишондиҳандаи ками садамаҳои ҳавопаймоӣ дар таърих маънидод гардид.

***

1 январи соли 1927 дар Массачусетс аввалин маротиба дар ҷаҳон суғуртаи ҳатмии автомобилҳо ба роҳ монда шуд.

***

68 сол муқаддам, 1 январи соли 1950 Ҳизби халқии пешрафти Гаяна таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1956 Судон аз Миср ва Британияи Кабир мустақилият ба даст овард.

***

1 январи соли 1948 Конститутсияи Ҷумҳурии Италия ба ҳукми амал даромад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

Соли 1785 дар Британияи Кабир аввалин шумораи қадимтарин рӯзномаи лондонӣ «The Daily Universal Register» (соли 1788 ба «The Times» тағйири ном кард) нашр шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Январь 1, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш