ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 январ, панҷшанбе, 3-юмин рӯзи соли 2019 аст
3 январи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 фармон ба имзо расониданд.
***
8 сол пеш, 3 январи соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таркиши дар назди Калисои Қиддисини вилояти Искандария рухдода ба Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳуснӣ Муборак барқияи таъзия ирсол карда, ба наздикон ва хешу таборони қурбоншудагон арзи тасаллият ва ҳамдардӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Мамлакати Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба имзо расид.
3 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Эстония – Рӯзи ёдбуди ҷанговарони муҳорибаҳои озодкунӣ.
РӮЙДОДҲО:
3 январи соли 1977 Фонди байналмилалии асъор ба Британияи Кабир дар ҳаҷми 3,9 миллиард фунт стерлинг заём дод.
***
24 сол пеш, 3 январи соли 1995 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ хабар дод, ки шумораи гирифторони бемории ВНМО дар ҷаҳон аз як миллион нафар гузаштааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 миёни Қазоқистон ва Чин муносиботи дипломатӣ барқрор карда шуданд.
***
3 январи соли 2006 дар Озарбойҷон пули нав ба муомилот бароварда шуд.
***
3 январи соли 1977 аввалин компютери ширкати Apple истеҳсол гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …
Соли 1989 рӯзномаи «Известия» (Россия) аввалин маротиба рекламаи тиҷоратӣ нашр намуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад









Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






