ТАРМА. Дар ноҳияи Шуғнон бар асари он се манзили истиқоматӣ хароб гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 16 январ бинобар фаромадани тарма дар даромадгоҳи ноҳияи Шуғнон се манзили истиқоматӣ хароб гардид. Хушбахтона, дар натиҷаи ин ҳодиса ягон нафар аъзои ин оилаҳо осеб надиданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз ҳаво дар вилояти Бадахшон соф буда, фаромадани тармаҳо аз кӯҳҳои сарбаланду барфпӯш ҳоло ҳам ҷараён дорад.
Роҳи сатҳи байналмилалӣ шурӯъ аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷу Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб бинобар фаромадани тармаҳои зиёд ҳоло ҳам банд мебошад.
Масъулини Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди ВМКБ зикр карданд, ки ба таври шабонарӯзӣ дар ҳамаи роҳҳои бандгардидаи мошингард корҳо ҷараён дошта, техникаи роҳсозӣ ба пок кардани роҳҳо аз тармаҳо машғул аст.
Гарчанде дар ин самт 35 техника сафарбар шуда бошад ҳам, вале резиши зиёда аз 60 тарма имкон намедиҳад, ки роҳсозон роҳи сатҳи байналмилалиро дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошим боз созанд.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






