ТО БА КАЙ БЕҚОНУНӢ?! Баёнияи як нафар сокини шаҳри Хоруғ

Январь 4, 2019 18:22

ДУШАНБЕ, 04.01.2019./АМИТ «Ховар»/. «ВМКБ яке аз минтақаҳои ҷолиби диёр ва мавзеи айни таваҷҷуҳи сайёҳони дохилу хориҷ мебошад. Ҳавояш, табиаташ, муҳаббати сокинонаш берун аз кишвар низ маъруфу машҳуранд. Аммо миёни ҳазорҳо сокинонаш ва чандин ноҳияе, ки дар он мавҷуданд, фақат гурўҳи хеле кўчаке ҳастанд, ки истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ буда, пайваста бо амалҳо ва рафтори зидди ҷамъиятию ғайриинсонӣ ин минтақаро дар сархати ахбори «сиёҳ» ва симои мардуми шарафманди онро барои дигарон манфӣ нишон медиҳанд», — навиштааст сокини шаҳри Хоруғ Хурсанд ДАВЛАТМИРОВ дар як номааш ба АМИТ «Ховар» ва хоҳиш намудааст онро дар сомона ҷой диҳем. Дар идомаи ин мактуб мехонем:

«…Аксарияти амалҳои зишт ва кирдорҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби пайвандону наздикони шахсони бо ном бонуфузи шаҳри Хоруғ ва худи ин ашхос, ки дар асл бояд намунаи ибрати дигарон бошанд, содир карда мешавад. Аҷиб ин аст, ки дигарон низ баъзан ба таври нохудогоҳ ҳар гунна рафтори онҳоро агар ҳатто зишту манфур бошад ҳам, барои худ идеал  ва сармашқ қарор медиҳанд.

Дирӯз низ бо иттиҳоми итоатнакардан ба амри кормандони милиса Тоҳир Мамадбоқиров, яке аз наздикони шахси «бонуфуз»-и Хоруғ, боздошт гардид, ки дар пайи он гурўҳи бузурге аз тарафдоронаш бо ҷонибдорӣ аз ў дар шаҳр  ба бетартибиҳо даст зада, оромии фазои шаҳрро бо ин амали нафратовари худ халалдор карданд. Суол ба вуҷуд меояд, ки ин чанд нафар шахсони «бонуфўз» ва ба истилоҳи Пешвои миллат чор ҷинояткор обрӯро аз рӯи мардумсолорию ватандустиашон пайдо кардаанд ва ё бо ҷиноят, авбошӣ ва ғоратгарию қонунвайронкунӣ? Ҳодисаимазкур ва чанд воқеаҳои қаблан аз ҷониби чунин нафарон анҷомёфта собит месозанд, ки авбошӣ барои гурўҳе дар шаҳри Хоруғ ба яке аз воситаи асосии «шуҳрат»  ва «нуфузсозӣ» табдил ёфтааст.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, моҳи сентябр, дар пайи сафари панҷрўзаи худ ба ВМКБ, Пешвои Миллат барои барқарор кардани тартибот дар ВМКБ як моҳ фурсат доданд. Ин худ як занги ҷиддии ҳушдорсоз буд, ки вазъи рияои қонуну тартибот дар шаҳри Хоруғ ба ҳадди мутлақ поин рафтааст.

Ҳатто рӯзи 22 октябр 7 нафар чунин шахсони дар минтақа бо ном «таъсиргузор», ки дар аксарияти бетартибиҳои оммавӣ таъсири мустақим доштанд, ба таври алоҳида протоколҳо имзо карданд ва расман огоҳ карда шуданд. Онҳо ваъда доданд, ки аз ташкили гуруҳҳои ғайрирасмӣ, баргузории гирдиҳамоиҳои ғайриосоишта, муомилоти силоҳ ва маводи мухаддир ва ҳар навъ иқдоми дигари зиддиамнияти давлат ва ҷомеа худдорӣ мекунанд. Дар ин санад аз онҳо талаб карда шуд, ки даст аз амалҳои ғайриқонунӣ бардоранд, вагарна баъди ин огоҳӣ ҳар кирдори ғайриқонуниашон ҳамчун амали барқасдона таъбир хоҳад шуд. Онҳо низ дар навбати худ ваъда додаанд, ки ба ягон амали ғайриқонунӣ даст наҳоҳанд зад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо аз як тараф, худ ба кадом амале даст назада бошанд ҳам, ҳадди ақал наздикони худро зери назорат қарор намедиҳанд ва ё онҳоро барои кирдорҳои нослоими ҷамъиятӣ ташвиқ низ мекунанд. Вагарна шахси дар минтақа бонуфуз  вақте бародар ва фарзандони худро аз амалҳои зишт боздошта наметавонад, нуфўзи он барои «Кӣ» ва «Чӣ» лозим аст?!

Аз ин рў, мо сокинони шаҳри Хоруғ нисбат ба чунин кирдорҳои ношоиста, ки аз ҷониби ашхоси муайян сурат мегиранд, ҳисси нафрат дорем ва онҳоро борҳо маҳкум кардем, боз ҳам маҳкум мекунем ва аз ин қабил гурўҳҳои ҷинояткор тақозо менамоем, ки номи мардуми неки Бадахшон ва минтақаи баландовозаамонро доғдор насозанд!

Ба Шумо, ки худро “лидер” меномед, гуфтанием, ки барои сокинони минтақа аз худ пуштибону роҳнамо насозед. Зеро мо дар ягон ҷамъияти қабилавӣ зиндагӣ намекунем. Мо соҳиби давлати соҳибистиқлол, роҳбари хирадманд ва зиёда аз ин, монанди сокинони дигар минтақаҳои кишвар як ҷузъи ҳамин ватани биҳиштосоямон ҳастем, ки бояд ба Конститутсия, волоияти қонун арҷ гузорем ва тартиботи ҷамъиятиро риоя кунем».

Хурсанд Давлатмиров,
сокини шаҳри Хоруғ

Январь 4, 2019 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯз хизмат дар сафи Гвардияи миллӣ боиси ифтихори ҳар ҷавони ватандӯсту ватанпарвар мебошад»
Нигоҳе ба 30 соли Гвардияи миллӣ дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ
Имсол ба фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Беш аз 300 таълимгирандаи Донишкадаи ҳарбӣ савганди садоқат ба Ватан ёд намуд
Дар Тоҷикистон назорат барои таваққуфи нодуруст дар ҷойҳои манъшуда пурқувват карда шуд
Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
Дар Душанбе Маркази тамоси электронӣ оид ба қабули муроҷиатҳо ташкил карда шуд
АМАЛИЁТИ «БАЧАҲО». Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон гузаронида мешавад
Сатҳи забондонии кормандони милитсияи Хатлон санҷида мешавад
Дар шаш моҳ дар Тоҷикистон 495 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
«МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ». Дар Хатлон бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ амалиёт гузаронида шуд