Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ муваққатан худдорӣ намоед!

Январь 17, 2019 09:35

ДУШАНБЕ, 17.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба боришоти барфу борони  пай дар пайи рӯзҳои охир ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, боришоти барфу борон дар минтақаҳои мухталифи мамлакат  ҳамоно идома дорад.

«Хатари лағжиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ рафъ нашудааст. Мутаассифона, на ҳамаи сокинон ба ҳушдорҳои пайваста гӯш медиҳанд. Ҳамоно барои ҷамъоварии ҳезум ё шикор рафта, ҷони худро дар хатар мегузоранд», — илова намуд манбаъ.

Кумита ҳушдор медиҳад, ки 20 январ дар мамлакат ҳаво сербориш шуда, борону барфи омехта метавонад ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилтар созад.

«Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, аз ҷумла дар чунин рӯзҳоро риоя кунанд ва ҷони худу ҳамроҳонашонро дар хатар нагузоранд. Ронандагонро зарур аст, ки дар минтақаҳои тармафаро то 500 метр масофаро риоя кунанд»,- хабар дод манбаъ.

Январь 17, 2019 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд