15 феврал- Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон: сари вақт муайян кардани омоси бадсифат ва табобати он сабаби саломатии инсон мегардад
ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 90 мамлакати дунё ҳамасола 15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратонро ҷашн мегиранд. Бино ба маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ҷаҳон қариб 200 ҳазор нафар кӯдакон ба бемории саратон гирифтор шуда, нисфи онҳо ҳалок мегарданд. Сари вақт муроҷиат намудан ва оғоз намудани табобат аз оризаҳои нохуши ин беморӣ нигоҳ медорад.
Бахшида ба ин рӯз ва вазъи ин беморӣ дар ҷумҳурӣ мухбири АМИТ «Ховар» бо мудири шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Моҳира Умарова ҳамсуҳбат гардид.
Бино ба иттилои М.Умарова, шуъбаи саратоншиносии кӯдакона дар ҷумҳурӣ ягона буда, дар ин ҷо аз тамоми ҷумҳурӣ кӯдакон муолиҷа мешаванд. «Дар шуъбаи мо кӯдакони аз синни таваллуд то 18-сола табобат мешаванд, ки ба онҳо айни ҳол 6 духтури саратоншинос ва як мутахассиси эҳёгари кӯдакона ёрӣ мерасонад. Сабаби гирифтор шудани кӯдакон ба ин беморӣ гуногун буда, он метавонад аз насл ба насл гузарад. Дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ низ бештари кӯдакон бо бемории саратон таваллуд мешаванд. Аз ҷумла, вақте ҷанин дар батни модар зарар мебинад, вай ба бемории саратон гирифтор мешавад»,-иброз дошт Моҳира Умарова.
Бино ба гуфтаи мутахассиси саратоншинос, ин беморӣ дар байни кӯдакон сол то сол зиёд мешавад. «Дар ду соли охир кӯдакони навзод бо омосҳои бадсифат хеле зиёд шудаанд. Мо дар ин муддат зиёда аз 10 кӯдаки то синни якмоҳаро ҷарроҳӣ кардем, ки ба ин беморӣ дучор буданд. Хушбахтона, саломатии ин кӯдакон хуб буда, ҳар моҳ ба маркази мо омада, аз ташхис мегузаранд. Айни ҳол шумораи умумии бемороне, ки дар шуъбаи мо муолиҷа мешаванд, 33 нафар мебошад. Онҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурианд»,-зикр намуд саратоншинос.
Ба иттилои М.Умарова, дар шуъбаи саратоншиносии кӯдакон утоқи махсус барои бозии кӯдакон омода шудааст. «Кӯдакони гирифтори бемории саратон ба таври тӯлонӣ табобат мешаванд, аз ҳамин сабаб мо кӯшиш мекунем, ки барои онҳо тамоми шароитро муҳайё созем. Барои мактаббачагон дар шуъба дарсҳои мактабӣ таълим дода мешаванд, то онҳо ҳангоми муолиҷа аз дарсҳо дур намонанд. Бояд гӯям, ки дар шуъба духтури равоншинос фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза бо волидон ва кӯдакон кор мебарад»,-афзуд саратоншинос.
Ҳамчунин ин кӯдакон аз табобати пурра мегузаранд, яъне онҳо тариқи ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёвӣ ё нурӣ табобат мешаванд.
«Дар Тоҷикистон бештар бемории саратони лимфоӣ маъмул мебошад. Аз ин навъи беморӣ системаи лимфоии организми кӯдак осеб меёбад. Табобати чунин кӯдакон қариб ду сол давом ёфта, беморон то 5 сол таҳти назорати доимии духтур қарор мегиранд»,-зикр намуд Моҳира Умарова.
Ҳангоми сари вақт муроҷиат кардан ба мутахассисон, фоизи сиҳатшавии беморӣ дар дараҷаи якум ва дуюм зиёдтар мегардад. Бино ба иттилои мутахассиси саратоншинос, бештари беморон танҳо дар дараҷаи сеюм ва чорум ба онҳо муроҷиат мекунанд.
«Нишонаҳои асосии саратон гуногунанд. Модарон ва духтурони оилавӣ метавонанд тариқи пайдоиши омосҳо дар бадани кӯдак омосро муайян кунанд. Кӯдакони бемор беҳол, беиштиҳо мешаванд ва ҳарорати баданашон то 37,6 дараҷа баланд мегардад. Ҳар як инсон бояд ҳаёти солимро пеш барад ва ҳатман дар як сол ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарад. Сари вақт муайян кардани омоси бадсифат ва табобати он сабаби саломатии инсон мегардад»,-илова намуд духтур.
Бино ба маълумоти Моҳира Умарова, аз соли 2009 инҷониб Бунёди хайриявии «Лона» ин шуъбаро сарпарастӣ мекунад. Ҳама дорувориҳо аз ҷониби ин бунёд ройгон дода мешаванд. Дар рӯзҳои иду ҷашнҳои давлатӣ ба кӯдакони бемор туҳфаҳо супорида мешаванд.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷамъбаст гардид
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши зан дар Туркманистон иштирок намуд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Дар Бадахшон даври вилоятии озмун ҷамъбаст гардид
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳо равона шудааст
Форум оид ба натиҷаҳо ва устувории «Барномаи рушди тандурустӣ барои солҳои 2021-2025» доир карда шуд






