Ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ
ДУШАНБЕ, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат, раиси комиссияи мазкур Азим Иброҳим баргузор гардид.
Дар оғоз муовини Сарвазир хотиррасон намуд, ки масъули иҷрои бандҳои созишномаи мазкур вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли фаъолияташон ва шарикони иҷтимоӣ мебошанд.
Зикр гардид, ки дар асоси созишномаи зикргардида соли 2018 байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иттифоқҳои касабаи маҳаллӣ 21 созишномаи минтақавӣ, байни вазорату идораҳо ва иттифоқҳои касабаи соҳавӣ 37 созишномаҳои соҳавӣ баста шуда, мавриди амал қарор доранд.
Тавре Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, нишондиҳандаҳо «ба талаботи имрӯза ҷавобгуй намебошанд». Азим Иброҳим аз рафти татбиқи Созишнома изҳори нигаронӣ намуд ва аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати баимзорасонӣ, сабтиномкунии созишномаю шартномаҳои коллективӣ ва иҷрои муқаррароти онҳо фаъолияташонро тақвият бахшанд. Ин раванд бояд фарогири фаъолияти ҳамаи сохторҳои болозикр бошад.
Инчунин ҷиҳати танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, ҷалби ҳарчи бештари теъдоди аҳолии қобили меҳнат ба корҳои арзанда ва бо ин васила зиёд намудани даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани дараҷаи накӯаҳволии аҳолӣ ба вазорату идораҳо дастуру супоришҳо мушаххас ва ба шарикони иҷтимоӣ тавсияҳо дода шуд.
Масъалаи пардохти саривақтӣ ва пешгирии афзоиши қарзии музди меҳнат дар ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои қарздор мавриди баррасӣ қарор дода мешавад, таъкид намуд муовини Сарвазир.








Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид






