Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба муаррифии китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Пешвои миллат ҳамоиши илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон нишасти илмӣ, бахшида ба муаррифии китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» доир гардид. Дар ин бора аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Нишасти илмиро ректори донишкада, профессор Фозил Обидов ифтитоҳ намуда, нуктаҳои муҳими китоби тозанашри «Уфуқҳои истиқлол»-ро муфассал манзури ҳозирин гардонид. Ректори донишкада иброз намуд, ки ташвиқот ва ҷонибдорӣ намудани ташаббусҳо ва ғояҳои ватандӯстона, адолатпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳли илм ва адаб яке аз самтҳои асосии фаъолияти устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат маҳсуб меёбад.
Номбурда таъкид намуд, ки китоби нави муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии таҳқиқотӣ дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллии тоҷикон арзёбӣ гардида, он дастоварди муҳим ва нотакрори илмию сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Иброз гардид, ки ҳар як саҳифаи «Уфуқҳои истиқлол» пораи таърихи ҷаҳду талошҳои мардуми шарифи Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Истиқлолияти комили миллӣ ифода мекунад.
Мавриди зикр аст, ки дар сарсухан, панҷ боб ва охирсухани ин китоби арзишманд Пешвои миллат роҷеъ ба бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ваҳдати милливу суботи иҷтимоӣ, сиёсати хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ назари худро баён намудаанд.
Дар идомаи нишасти илмӣ ҷиҳати муаррифии китоби тозанашри Президенти мамлакат муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии донишкада, дотсент И. Хоркашов, мудири кафедраи молия ва андозбандӣ дар соҳибкорӣ дотсент П. Нидоев ва дигар устодони донишкада ибрози ақида намуда, нақши онро дар рушди минбаъдаи мафкураи миллӣ ва сиёсии ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






