ДАРАХТ БИНШОН! «Бо вусъати ниҳолшинонӣ ва эҳёи ҷангалзор файзу баракат ба кӯҳистон боз гашта, фаровонӣ бештар хоҳад шуд», — навиштааст Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло

Февраль 11, 2019 13:24

ДУШАНБЕ, 11.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Яке аз самтҳои дурахшони сиёсати созандаи Пешвои миллат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар радифи бунёдкорӣ ва пирӯзиҳои шоистаи иҷтимову хоҷагӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, сабзу хуррамгардонии муҳити зист  ва шукуфоии рӯзгорамон мебошад. Он аз оғози Истиқлолияти давлатии кишвар то ба имрӯз миллати моро соҳиби  дастовардҳои беназир гардонидааст. Дар ин росто ниҳолшинонӣ яке аз маъракаҳои зебою дилпазир, шуғли фараҳбахш ва рӯҳангези мардуми мост», — навиштааст Камол Насрулло, ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷиккистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ.

Суннате некӯ ва хайрафшон, ки ба мо аз гузаштагони хуррамниҳод ва ободкор, падарону бобоҳои заҳматдӯсту зебопарастамон мерос монда. Ин шуғл ва иқдомест хуҷаста, ки на фақат рӯзгори моро сабзу хуррам ва шукуфо мегардонад, балки ба файзу баракат ва фаровонии зиндагии халқамон мусоидат намуда,  ба ҳастиямон тароват мебахшад, вуҷудамонро муаттар месозад ва дар маҷмӯъ саҳми мо ба ҳифзи муҳити зисти сайёра хоҳад буд.

Чанд вежагиро дар ин росто мехоҳем зикр кунем. Аввалан мояи хушбахтиву шодмонии мост, ки замини Тоҷикистони азизи мо биҳиштосо буда, дар он ба тариқи рамз метавон гуфт, ҳатто чӯби хушкро ҳам нишонед, сабз мегардад. Ин замини муқаддас аз ниҳоди пур аз муҳаббати худ, ҳатто бидуни коштан гулу гиёҳу дарахтонро мерӯёнаду  месабзонад.  Дар ин диёри биҳиштӣ ва ин замини худодод ҳатто дар танаи сангҳо сабзаҳо мерӯянду гулҳо мешукуфанд ва зеботарин гулҳои сангро ранги баранг метавон дар танаи пайкараи канори рӯдборони диёри мо пайдо кард.

ДАР АКС: Камол Насрулло

Мояи сарфарозии мост, ки яке аз аввалин иқдомҳои  Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари давлатамон дар оғози истиқлолият, ҳатто дар он рӯзгори сангину пурхатар, ташкили ҳашари ниҳолшинонӣ буд, ки аз маниши неку зебоипарастонаи миллат ва Сарварамон гувоҳӣ медод. Ин иқдоми хуҷаста дар сатҳи давлатӣ ин ҳама солҳо идома дошт ва имрӯзҳо ҳам бо ташаббуси Пешвои миллат бо майлу рағбати чанд маротиба бештар  идома дорад. Чунончи, 30 декабри соли 2015 “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020” қабул гардид, ки бо анҷоми он дар кишвар 20 ҳазору 153 гектар боғу токзор бунёд мегардад.   Ҳамин иқдомҳо буд, ки Тоҷикистони мо имрӯз саросар ба боғистону  гулистон табдил ёфта,  манзараҳои дилангезаш бинандаро мафтун месозанд.

Барои бозгаштан ба табиати асили кишварамон ин иқдомҳо низ дар қатори иқдомҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти фавқулода бузург дошта, дар маҷмӯъ ба эҳёи дубораи ин сарзамини биҳиштӣ мусоидат мекунанд. Аз рӯи нақлу нигоришҳои муаррихон, сайёҳони асрҳои миёна ва хусусан асрҳои ҳаждаҳу нуздаҳ тамоми водиҳо ва қаторкӯҳҳои кишвари мо ҷангалзору киштзори сабзу хуррам будаанд. Ҳатто банда, ки таваллудам соли 1950 аст, ёд дорам, ки замони тифлиям дар мавзеъҳои Кӯли калону Чимтарғаи кӯҳсори Панҷакет чунон ҷангалҳои анбӯҳе буданд, ки ду-се қадам аз худ  он сӯро  кас намедид. Аз таҳи ҳар бутта харгӯше давида мегузашт,  сари ҳар санг кабке суруд мехонд ва чӯҷаякони кабку мурғи ҳилол дар пеши чашм бозӣ мекарданд. Он вақт дар ин ҷангалҳо ва ин кӯҳсор оҳуву бузи кӯҳӣ, гургу палангу хирс низ мезистанд, ки мо дар бачагиамон аз дур онҳоро дидаем. Ҳоло бо таассуф бояд иқрор шуд, ки дар он мавзеи номбурда аз ҷангал ному нишоне нест ва ҷангали нозанину хуррами Кӯли калон ба хушкистоне бе сабзаву гул табдил ёфтааст. Мардум ҷангалҳоро нобуд каданд. Ба хотири сӯзишворӣ, ба хотири бинокорӣ. Аввалҳо фақат чӯбҳои хушкро мебуриданд, баъд ночор дарахтони сабзро ҳам ба буридан шурӯъ карданд. Ҳол он ки кӯҳистони ин диёр саросар пури ангишт аст. Мутаассифона, ҳоло  ҷо — ҷо аз дур якто-нимто бурсҳои наврасро мебинеду халос. Аз зоти зарангу бодому чормағзу зирк қариб нишоне намондааст. Бо барҳам хӯрдани ҷангалҳо файзу баракат низ аз ин кӯҳҳо паридааст. Палангу хирсу гург дигар нестанд. Зоти бузи кӯҳиву кабку мурғи ҳилол ҳам қариб ба нестӣ расидааст. Барҳам хӯрдани ҷангалҳо чандин бадбахтии дигар ба бор овардааст. Заминҳои ин мавзеъ хушку бетароват шудаанд.  Дигар сабзаву гулҳо намерӯянд, зеро вақте ҷангал буд, ҳар дарахти бурс дар решаи худ миқдори зиёди наму обро нигоҳ медошт (мегӯянд, то як тонна), аз  ин рӯ ҳама ҷо сабзаву гулҳо  мерустанд.  Агар боронҳои шадид ҳам мебориданд, аз рӯйи сабзаҳои тозаву зулол ҷорӣ мешуданду поку мусаффо ба даёчаҳои кӯҳӣ мерехтанд. Акнун имрӯз боронҳои шадид сабаби ҷараён гирифтани селҳои мудҳише мешаванд, деҳаҳову киштзорро хароб месозанд ва зиёнҳои зиёде мерасонанд. Бубинед, чӣ аҳамият доштанд ва чӣ нақши бузурге мебозиданд он дарахтону он ҷангалзор.

Дар ин асос имрӯз ҳашарҳои ниҳолкориву ниҳолшинонӣ бо иқдоми Сарвари давлат дар мамлакатамон на фақат аҳамияти сарсабзу зебогардонӣ доранд. Онҳо моро аз хатарҳои мудҳиши экологӣ, аз хушксоливу маҳви ҷонварон низ то ҷойе нигоҳ дошта, ба мо муҳити хуш ва ҳавои тоза фароҳам оварда,  ба асолати таърихии кӯҳистони пурбаракатамон бозмегардонанд. Яъне чунин ҳашарҳои дастҷамъонаи ниҳолшинониву гулу гиёҳкорӣ дар саросари Тоҷикистон, дар тамоми шаҳру деҳоту кӯҳистони мо соле ду бор дар баҳору тирамоҳ бояд сурат гиранд. Ва на танҳо замини деҳот, роҳу манзилҳо, балки кӯҳистони мо, хусусан он мавзеъҳоеро, ки ҷангалзор буданд, фаро гиранд. Бо эҳёи ин ҷангалҳо файзу баракат ба кӯҳистони мо боз гаштаву фаровонӣ бештар хоҳад шуд.

Мехоҳам як далеле орам, ки чӣ гуна дар баъзе кишварҳо тавонистаанд ҷангалҳоро на таҳо нигаҳ доранд, балки афзунтар намоянд. Дар Япония чунин қонуне амал мекунад, ки мардум мувофиқи он ҳуқуқ доранд ҳар сол аз ҷангал як арча барои ороиши солинавӣ  бибуранд, аммо ба замми ин бояд ҳар нафар сад қаламча ба ҷои як арчаи буридашуда нишонад. Азбаски мо аз ҷангалҳои кӯҳиямон садҳо ҳазорон дарахтро буридем, аммо ба ҷояшон як ниҳол ҳам нашинонидем, ҷангалҳои мо ба биёбон табдил ёфтанд.

Аммо, хушбахтона, сиёсати ободкоронаи пешгирифтаи Пешвои миллатамон имрӯз сабаби пайдо шудани ҳазорон гектар боғу токзор, гулистону бӯстонҳои нозанин ва фараҳбахш гардидааст. Ва ширкати бевоситаи Сарварамон дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар кишвар ба ҳукми анъна медарояд. Имрӯз меҳани мо на фақат симои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии тоза меёбад, балки намои муҳити зисти он низ зебову хурраму пуртароваттар гардида истодааст.

Мо мебинем, ки эҳёи навини Тоҷикистони мо  дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва маънавиёт моро пайваста ба асолати зотии худамон бозмегардонад. Агар эҳёи дубораи маънавии мо моро ба худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти худ, бедории миллӣ оварда бошад; агар шинохти худ ва ҳадафҳои баланди миллӣ, яъне эҳёи Тоҷикистон моро ба Ваҳдати миллӣ расонида бошад; эҳё ва барқарорсозии табиати нотакрори кишвар, бунёди нави ҷангалҳову сабзу хуррамии диёрамон моро ба сарчашмаҳои тозаву беғубори мавҷудияти табиати биҳиштосоямон хоҳад овард.

Банда андеша дорам, ки имрӯз иқдомҳои неки Сарвари кишварамонро дар шинонидани ниҳолу дарахту нахлҳо ва коштани гулу гиёҳ, аз тамоми гӯшаҳои дунё овардану нишондану парваридани дарахтон ва нахлу гулу гиёҳҳои нодир, симои сарзамини дилрабоямонро даҳчанд дилработар  мекунад. Ин иқдомҳо аз ҷониби тамоми сокинони кишвар дар ҳама ҷо ва дар дурдасттарин гӯшаҳои кӯҳистони мо ҳам бояд дастгирӣ ва пайравӣ ёбанд. Ҳашарҳои бузурги ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамкунӣ дар кишварамон ба ҷуз мавзеъҳои анқариби шаҳру деҳот, тамоми кӯҳистони моро бо навбат бояд фаро бигиранд. Хуб мебуд, агар дар ҳар ноҳия, ҳар деҳа ва ҳар хонаводаи дорои шароит парвариши қаламчаву сабзонидани ниҳолҳо бо нияти кӯчат кардани онҳо дар доманакӯҳҳо  ба расмият дароварда шавад. Ба роҳ мондани ҳашарҳои дастаҷамъона кишвари моро ба биҳишти воқеӣ табдил хоҳанд дод.

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 -2021 барои вусъати дучанди иқдомҳои сабзу хуррамгардонии деҳоту кӯҳистони тоҷик ва эҳёи навини ҳунарҳои халқамон бе муҳобо боз як такони хубе хоҳанд дод.

Дар байни мардуми мо, дар фарҳанги панду андарзу осори бузургонамон шинонидани ниҳол ва парвариши дарахт зиёд тарғиб шуда, рамзҳои маънавӣ ҳам гирифтааст. Чунончи Хоҷа Ҳофиз мефармояд:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Ба ҷуз ин ки як дарахти сабз худ рамзҳои зиёдеро, чун намои сарсабзӣ, табъи хуш, хайру эҳсон ва ғайра ифода мекунад, он ҳамчунин ҳавои зиндагии инсонро тоза медорад, ба ӯ рӯҳи солим мебахшад. Як дарахти сабз худ як муҳити кӯчаки дӯстиву самимияту муҳаббат аст. Як дарахти сабз метавонад соягоҳи инсонҳо, таваққуфгоҳи  мусофирон, меодгоҳи ошиқон ва сарпаноҳи парандагон бошад. Бубинед, чӣ қадар муҳити нек меофарад як дарахт, ба ҷуз ин ки дарахти мевадор ба инсон ғизо медиҳад ва дар солҳои вазнин, солҳои тангӣ мардуми моро дар кӯҳистон меваҳои ин дарахтон наҷот додаанд.

Ин аст, ки иқдомҳои Сарвари мамлакат аз оғози сиёсати давлатдории худ то ба имрӯз ҳадафҳои зиёди маънидору хуҷастаро пайгирӣ доранд ва бигузор ин сиёсати дурандешона моро ба асолати миллиамон- некманишиву некхоҳиву некандешӣ раҳнамо бошад ва Тоҷикистони азизамонро ба биҳишти рӯи дунё мубаддал гардонад.

Имрӯзҳо пойтахти Ватанамон- шаҳри Душанбе ба ҳашаргоҳе мемонад, ки дар тамоми кӯчаву паскӯча, холигоҳи канори роҳҳо,  саҳну ҳавлиҳои тамоми идораву муассисаҳо,  манзилҳои мардум, дар боғҳои фароғативу соҳилҳои наҳру ҷӯйбор дастҷамъона сокинони пойтахт бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат ва Раиси ҷавони  Душанбешаҳр Рустами Эмомалӣ ва ҳама масъулин ниҳол мешинонанд. Чӣ хуш, ки ин иқдом аз ҷониби мардуми кишвар дар дигар гӯшаву канорҳои ватанамон низ дастгирӣ меёбад.

Мо аминем, ки фардо бо ин ниҳолҳо дар тамоми мамлакат шукӯҳу арҷ, ҳиммату ифтихори миллии давлати соҳибистиқлоламон қомат меафрозад ва Тоҷикистон ватани сарсабзиву шукуфоӣ, сарзамини биҳиштии дараш боз ба истиқболи дӯстони некманишу хайрхоҳ хоҳад буд.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон

Февраль 11, 2019 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид