Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ ба истиқболи Наврӯз
ДУШАНБЕ, 22.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз -2019 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ мусобиқаи Дави наврӯзи ва марафони велосипедронӣ баргузор менамояд.
Ин иқдом бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ рӯзи шанбе- 16 марти соли равон дар шаҳри Душанбе-аз мавзеи дидбонгоҳи Чорбоғ то Наврӯзгоҳи пойтахт доир мегарданд.
Инчунин дар иртибот ба таҷлили сазовори иди Наврӯзи байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ баргузор мегарданд. Мусобиқаҳои кушоди шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба «Гӯштингирӣ» аз 10 то 30 март, мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Норак ва Бобоҷон Ғафуров рӯзҳои 20-25 март, инчунин мусобиқаҳои варзишии пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 10 то 25 март дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд.








Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






