Роҳбарони Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд

Февраль 7, 2019 08:32

ДУШАНБЕ, 7.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида омӯзгорони эҷодкори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар беш аз 50 намоиши донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ асарҳои худро ба маъраз гузошта, корҳои эҷодии онҳо дар доираи намоиши таблиғотӣ ба сифати нигораҳо пешниҳод гардид. Ин матлабро ректори Донишкадаи мазкур Ҷамшед Ғанизода 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Ба иттилои мавсуф, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷиҳати муаррифии санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2018 дар бинои Созмони Милали Муттаҳид намоиши корҳои эҷодии омӯзгорони донишкада баргузор гардид.

«Корҳои эҷодии омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давлати Кувайт муаррифӣ гардида, баҳои баланд гирифтанд»,-иброз дошт Ҷамшед Ғанизода.

Ба зикри номбурда, Донишкадаи дизайн бо баргузории чунин намоишҳо фарҳанг ва тамаддуни бою рангини тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Ҳамзамон дар Донишкада устохонаҳои коркарди чӯб, кулолгарӣ ва арт- галерея фаъолият мекунанд

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 таъсис ёфта, аввалин муассисаи мустақили давлатиест, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бакалавр ва магистр тайёр мекунад.

Зимни нишасти матбуотии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов 6 феврал ноиби ректор оид ба таълим Саъдулло Каримов баён намуд, ки омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик дар аввалин Ҳамоиши  байналмилалии санъати мақом, ки моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ба гирифтани мукофоти асосӣ —  Шоҳҷоиза мушарраф  гардиданд.

«Ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар  ҳамоиши мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароӣ иштирокчиён ва доварони барномаро мафтун намуда, сазовори баҳои баланд гардиданд»,-гуфт номбурда.

Қобили  зикр аст, ки  ҳамоиши  мазкур бо дастгирии ЮНЕСКО баргузор гардид.

Февраль 7, 2019 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд