«Гулдастаи ғазал»-и шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар Тошканд интишор гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Ноширлик ёғдуси»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҷмӯи ғазалҳои шоири номвари тоҷик Камоли Хуҷандиро таҳти унвони «Гулдастаи ғазал» интишор ва дастраси ҳаводорони шеъри ноб гардонид. «Гулдастаи ғазал» ҳосили ҳамкории илмиву фарҳангии халқҳои ба ҳам дӯсти Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ мегардад. Дар ин бора рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маҷмӯаро Шӯҳрат Бобоҷонов омода сохта, ба он ғазалҳои дилнишини шоири хушгуфтор Камоли Хуҷандӣ шомил гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки чанде пеш дар шаҳри Тошканд шаби эҷодии ориф ва шоири тоҷики садаи XIV Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид. Тавре Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА» хабар медиҳад, барнома дар Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир карда шуд.
«Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавониаш дар зодгоҳаш гузашта, маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхта, сипас таҳсилро дар шаҳри Самарқанд идома додааст. Шайх Камол чанд муддат дар Тошканд зиндагӣ карда, сипас ба Хоразм сафар мекунад. Дар ин ҷо чанд моҳ зиндагӣ карда, ба хулоса меояд, ки хонаи муқаддаси Каъбаро зиёрат кунад. Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ дар шаҳри Табрез монда, дигар ба зодгоҳаш барнагашт»,-навиштааст Агентии «УзА».
Дар шаби эҷодӣ аз ашъори ин нобиға ғазалҳо қироат ва сароида шуданд, ки ба ҳусни он шукӯҳи хосса зам намуданд. Ҳамоиш таҳти шиори «Назм-сафири дӯстӣ» доир гардида, ба 700-солагии шоир бахшида шуд.








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд






