Худобердӣ Холиқназар, директори МТС: «Дар меҳвари Паёми Президенти мамлакат масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифтаанд»

Февраль 1, 2019 11:18

ДУШАНБЕ, 01.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷанбаҳои  сиёсӣ ва иқтисодии  Паёми Пешвои миллат  ба Маҷлиси Олии  мамлакат дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури  намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар,  марказу пажӯҳишгоҳҳои  илмию тадқиқотӣ ва коршиносону соҳибкорон доир гардид, баррасӣ шуд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни баррасии  ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоии рушди кишвар дар Паём, моҳият ва дурнамои он  ибрози назар намуда, афзуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат санади муҳими таърихӣ мебошад. Мавсуф гуфт, ки дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки  рушди ҷомеаи Тоҷикистон  ва дурнамои он қарор гирифтаанд.  Дар Паёми Пешвои миллат се рӯйдоди барои мардуми тоҷик ниҳоят муҳим дар соли гузашта махсус зикр гардидаанд. Ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ  оғози татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва тавсеаи муносиботи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

Зикр шуд, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар, хусусан ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар махусус таъкид гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи рушди иқтисодиёт қадамҳои устувор мегузорад. Соли гузашта рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  /ММД/ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд. Инчунин пешрафти соҳаҳои гуногуни  иқтисодӣ- бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав дар мамлакат таъсис дода шуданд. Дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз коҳиш ёфт.

Мусаллам аст, ки дар Паём аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ дар мамлакат «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ», инчунин саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки он қадами муассирест дар роҳи  рушди иқтисодиёт ва аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ –аграрӣ табдил додани мамлакат. Бо назардошти он ки Тоҷикистон кишвари кӯҳистон ва дорои имконияту захираҳои   бои сайёҳӣ буда, қисмати бештари аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ менамоянд, Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Парлумон солҳои 2019-2021 –ро Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эъон намуданд. Ҳадаф аз эълони ин солҳо баланд бардоштани сатҳи  хизматрасонӣ ва вазъи иҷтимоии мардуми деҳот, инчунин рушди сайёҳию  ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат  ва муаррифии онҳо ба ҷаҳониён мебошад.

Дар ҳамоиш ҳамчунин иштирокдорон доир ба аҳамияти нуктаҳои  Паёми Пешвои миллат ба Парлумон табодули назар карда, пешниҳодҳои судманд иброз доштанд.

Февраль 1, 2019 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид