М. Шоҳиён: «Дар рейтинги шабакаҳои телевизион ва радио «Телевизиони Тоҷикистон» дар мақоми аввал қарор дорад»

Февраль 7, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.    Кумитаи телевизион  ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани  рейтинги шабакаҳои телевизион ва радио моҳҳои май-июл ва ноябр-декабри соли 2018 назарсанҷӣ доир намуд. Натиҷаи ин назарсанҷиҳо  нишон дод, ки «Телевизиони Тоҷикистон»  бо гирифтани мутаносибан 83,7 фоиз  ва 84 фоизи овози пурсидашудагон дар мақоми аввал қарор гирифта, МД «Ҷаҳоннамо» ҷойи дуюм ва МД «Баҳористон» ҷойи сеюмро касб кардаанд. Матлаби мазкурро Раиси  Кумитаи телевизион  ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз  намуд.

М.Шоҳиён ҳамчунин зикр кард, ки Кумита айни ҳол дар соҳаи телевизион ва радио  бо 15 давлат  созишномаи ҳамкорӣ дошта, соли 2018 ҳамкории худро бо вазорату идораҳои ҳамтои худ дар кишварҳои хориҷӣ густариш дод.

Дар ин давра Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати  фарҳанг,  иттилоот  ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон,  Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот бо Вазорати иттилоот, телевизион, радио ва мероси миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон, Созишномаи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии  шакли пӯшидаи «Телевизион  ва радиошунавоии Ҷумҳурии Озарбойҷон» ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион  ва радио бо Ширкати миллии телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расиданд.

Февраль 7, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд