НИКОҲ БАРОИ ТОҶИКОН МУҚАДДАС АСТ. Имрӯз дар аксари кишварҳо Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ таҷлил карда мешавад

Февраль 12, 2019 12:20

ДУШАНБЕ, 12.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал Рӯзи байналмилалии ақди никоҳ ҷашн гирифта мешавад. Бори аввал ин иди касбӣ 1 декабри соли 2010 дар Департаменти моликияти зеҳнии Вазорати маориф ва илми Украина ба қайд гирифта шудааст. Ин ғояро агентиҳои  ақди никоҳи  ИМА, Канада, Германия, Франсия, Италия, Испания, Швейтсария ва Россия дастгирӣ карданд. Аз рӯи баъзе маълумот, ақди никоҳ таърихи 360-сола дорад. Аввалин идораи идораи никоҳ ”Бюрои вохӯрӣ ва суроғаҳо” дар Лондон 29 сентябри соли 1650 кушода шуда, аз он замон то ба имрӯз суроғи ҳамсар тавассути эълон ва ё идораҳои шиносоӣ хеле ба расмият даромадааст. Ҳамасола теъдоди муштариёни агентиҳои никоҳ меафзояд. Ба ин шумораи аризаҳои дастӣ навишташуда, ки дар веб –сайтҳои интернет интишор меёбанд, гувоҳанд. Дар асри мо — асри гирифториҳои зиёди инсонӣ агентиҳои никоҳ мисли миноҳои соҳили баҳр барои ёфтани нимаи дуюми худ ба одамон кумак мерасонанд. Ҳазорон нафар одамон бо сипосгузорӣ метавонанд бигӯянд, ки  маҳз бо кумаки агентиҳо имконияти дӯстдорӣ ва оиладоршавӣ ёфтаанд.

Мақсади ин ид ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа  ба чунин идораҳо, мисли ақди никоҳ ва ҳамагонӣ кардани хизматрасонии  онҳо мебошад.

Дар ин бора – андешаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  Камол НАСРУЛЛО.

Ҷойи ҳайрат надорад, ки баъзе одамон дар интихоби ҳамсар ба мушкилот рӯ ба рӯ меоянд. Баъзан интихоби ҳамқадами доимии ҳаёт бениҳоят душвор аст. Ана дар ҳамин маврид  агентиҳои никоҳ кумак мерасонанд. Дар ин рӯзҳо мулоқоти ҷуфтҳоро ташкил менамоянд. Конфронсҳое мегузаронанд, ки дар онҳо мутахассисони ин соҳа суҳбатҳои касбӣ доир мекунанд. Табодули саргузаштҳои бобарор сурат мегирад, муносибатҳои неки  ҷуфтҳои хушбахт чун намунаи ибрат пешниҳод мегарданд.

Кормандони ақди никоҳ ба ҳамкасбон ҳадяҳо месупоранд. Барои хонаводаҳои ҳамсарони ҷавони хушбахт аксияҳо барпо мекунанд.  Дар ин рӯз ҳамчунин  маърӯзаҳое роҳандозӣ мешаванд, ки дар онҳо арзишҳои оилавию хонадорӣ тарғиб мешаванд. Маърӯзаҳо  аз ҷониби педагогҳо оид ба тарбияи кӯдакон  низ дар ҳамин рӯзҳо шунида мешаванд.

Таърихи ақди никоҳ дар кишвари куҳанбунёд ва миллати соҳибтамаддуни мо ҷанбаҳои зиёди таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии худро дорад. Он мавзӯест доманадору таҳқиқталаб, ки бояд аз ҷониби мутахассисони донишманд ва огоҳ мавриди гуфтугӯ қарор гирад. Дар гузориши мухтасари мо метавон ҳаминро гуфт, ки падарон ва модарон,  пирони мо  ақди никоҳро ҳамеша муқаддас мешумориданд ва маросими ақди никоҳро мутантан, бо камоли ҷиддият ва риояи тамоми қонунҳою талаботи шариат мегузарониданд. Идораҳои ақди никоҳ, ки дар замони нав аз ҷониби давлат ташкил шуданд, то ба имрӯз дар ҳамоҳангиву ҳамбастагӣ бо никоҳи суннатӣ фаъолияти худро амалӣ менамоянд. Аммо имрӯз бо гузашти вақту замон, дигаршавии  меъёрҳои зиндагии мо дар ҷомеа, таъсири ғояҳо ва ҳаракатҳои ҷаҳонишавӣ, фаҳмишу дарки навини ҷавонони муосир шароит ва вазъият ба куллӣ дигар гардидааст. Дар ҷомеаи имрӯз мо шоҳиди бархӯрдҳои наву кӯҳна, тазодҳои зиёде мегардем, ки на ҳамеша натиҷаҳои қаноатбахш ба бор меоваранд.

 Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз  барои ба танзим даровардани ин масъалаи хеле нозук ва муҳим пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», андешидани тадбирҳои махсус дар ин самт, таҳқиқи саломатӣ, санҷиши таркиби хуни ҷавонон пеш аз издивоҷ, гирифтани пеши роҳи издивоҷҳои номатлуб ва фоҷиабор барои хонаводаи ҷавон аз он тадбирҳое мебошанд, ки ҳадафашон хушбахтии оилаҳои навбунёд ва солимии ҷомеа мебошад.

Дар маърӯзаи  Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 аз  15 январи соли 2019 рақамҳое оварда шудаанд, ки моро ба андеша  водор месозанд: «Дар давраи ҳисоботӣ 7721 оилаи нав бунёд шуда, 1777 ҳолати пошхӯрии  оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузаша 195 ҳолат зиёд мебошад». Тасаввур кунед, як ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду ҳафт хонаводаи ҷавон, ки дар беҳтарин овони ҳаёташон бояд хушбахтона мезистанду аз ин ҳамзистӣ лаззат мебурданд, фоҷиаангез аз ҳам ҷудо шудаанд.

Чаро ҷудошавии оилаҳои ҷавон меафзояд?

Чунонки мебинем, новобаста ба чораҳое, ки дида мешаванд, ҷудошавии оилаҳои ҷавон тамоюл ба зиёдшавӣ дорад. Ва ин як падидаи шигифтангези замони нав аст, ки бояд моро ба ташвиш орад. Ва дар маърӯзаи Раиси шаҳр овардани ин санадҳову хотирнишон кардани ин масъала беҳуда нест.

Онҳое, ки умри бештаре дидаанду синнашон аз панҷоҳ ва шаст убур кардааст, метавонанд ба ёд оранд, ки дар овони ҷавонии онҳо ин падидаро ҳатто наметавонистед тасаввур кунед. Албатта, чанд нафаре шояд дар ҳамон замонҳо ҳам пайдо мешуданд, ки бо сабабҳое ақди никоҳашонро бекор карда, аз ҳам ҷудо мегаштанд. Аммо ин теъдоди (садҳо нафар) вайроншавии хонаводаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон он замон тасаввур ношуданӣ буд.

Саволе пайдо мешавад, ки чаро? Чаро он вақт хонаводаҳо қавитар буданду имрӯз чунин бепояанд? Дар пажӯҳиши журналистие, ки чанде пеш дар телевизионҳои кишвар пахш гардид, аксаран мудирони шуъбаҳои кор бо занон, идораҳои ақди никоҳи шаҳр ва ноҳияҳои Душанбе, ҳамчунин корафтодагони моҷароҳои ҷудошавиҳои хонаводагӣ иштирок доштаву ибрози андеша намуданд. Далелҳои зиёде оварда мешуданд, ки сабаби дилхунукӣ ва аз ҳам ҷудошавии оилаҳои ҷавон гардидаанд. Нобоварӣ ба ҳамдигар, шубҳа, рашк, ноадолатӣ ва нобарории иҷтимоӣ, муносибати вайрон бо  хусуру хушдоман, умедвории зиёд аз издивоҷ ва дилхунукӣ аз нарасидан ба мақсад, ба ҳам созгор наомадани завқу ҷаҳонбиниву хулқу хӯй ва аз ҳама хандаовар ба хонавайрон шудани навхонадорон аксари вақт телефонҳои мобилӣ далел оварда мешуданд.

Аммо сабр кунед. Оё ба ҷуз аз телефонҳои мобилӣ  он ҳама сабабҳои дигари дар боло зикршуда дар он замон вуҷуд надоштанд? Оре, ин сифатҳои манфии инсонӣ, мисли рашку хусумату шубҳаву нобоварӣ ҳамеша бо инсон будаанду ҳастанд. Аммо чаро он вақтҳо ин сифатҳо сабаби вайроншавии хонаводаҳо намегардиданд, ё агар гарданд ҳам, аҳёнан буд? Пас чизе дар ҷомеаи мо тағйир ёфтааст ва чист он?

Албатта, ин мавзӯе нест, ки бо як андешаронии журналистона таҳқиқи комили худро ёбад. Аммо метавон дар ин маврид баъзе андешаҳоро аз рӯи мушоҳидаи ақли солим баён дошт, ки шояд бе манфиат набошад.

 Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист…

Яке аз падидаҳои баҳамоии ҷавонони имрӯза дил бастани онон ба якдигар мебошад, ки бештар пояҳои ҳавасӣ ва лаҳзаина доранд, ҳол он ки зиндагии хонаводагӣ набояд ба эҳсосоти яклаҳзаина ва ё муваққатӣ бунёд ёбад. Ва ҳатто, баъзан маҳкум мешавад, ки набояд волидайн арӯсу домодро интихоб кунанд, балки худи ҷавонон ҳамдигарро хуш карда бигиранд. Аммо ин ҷавонон то куҷо таҷриба доранд, ки як кори аз ҳама масъултарини ҳаёт ва тақдирсоз: интихоби ҳамсарро   бар дӯши худашон вогузоред? Ва чаро ҷавононе, ки ҳамдигарро дӯст дошта, издивоҷ кардаанд, зуд  аз якдигар дилсард мегарданд ва ҳатто муҳаббаташон ба нафрат табдил меёбад? Ва оё он чӣ онҳо ишқ мепиндоштанд, воқеан ишқ буд? Ишқ чист, муҳаббат чист, оиладорӣ чист? Чӣ гуна метавон ишқи асилро аз ҳавову ҳавас ҷудо кард? Ва оё ҷавонони мо аз шинохти ишқ ва заминаҳои ҳаёти хонадорӣ чӣ тасаввурот доранд? Инҳо саволҳое мебошанд, ки  ҳанӯз пеш аз издивоҷи хонаводагӣ, ки шояд тақдирсозтарин лаҳзаи ҳаёт аст, бояд ба худ дод. Аммо ҷойи таассуф аст, ки аксари ҷавонони имрӯза баъд аз издивоҷ ин саволро ба худ медиҳанд, вақте ки кор аз кор гузаштааст. Каме камбудӣ ва норасоии рӯзгор  боиси низоъ байни онҳо мегардад. Намеандешанд, ки аз кадом боис Устод Лоиқ  ин мисраҳоро гуфтааст:

Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист,

Ҳар шабе дар осмон маҳтоб нест…

Бигирем ҷавонон  таҷриба надоранд, аммо чаро мо, атрофиён, наздикон, волидайн ва  умуман  ҷомеа ба ин иштибоҳҳо роҳ додаем ва натавонистаем ин фоҷиаҳои хонаводагиро пешгирӣ кунем?

Имрӯз мавриди он аст, ки мо бар ҳар яке аз ин суолҳо посухи солим ёбем ва роҳи ҳалли ин мушкили ба сари ҷомеаи шарвандӣ омадаро биёбем. Дар назари аввал чунин менамояд, ки он дар алоҳидагӣ ба мо дахл надорад, аммо ин иштибоҳи бузург аст, зеро ба қавли устод Саъдӣ, “Бани одам аъзои якдигаранд”. Яъне бо ҷомеа зиста, наметавон худро аз ҷомеа истисно кард. Ва баъдан таъсири чунин анҷомҳои номатлуб на фақат ба як нафару ду нафар таъсир мерасонад, балки баъзан доираи васеътарро фаро мегиранд ва дар маҷмӯъ ҷомеаро носолим месозанд.

Издивоҷи фарзанд аз ҷиддитарин масъулиятҳои волидайн аст

Тӯли садсолаҳо издивоҷи фарзанд аз ҷиддитарин масъулиятҳои падару модар буд. Падарону модарон аз ҳарду ҷониб ҳаргиз намехоҳанд фарзандонашон бебахту хонавайрон шаванд. Ана дар чунин ҳолат масъулият ва машварати ду хонавода, ризоияти худи фарзандон ва ҳузури ҷомеаву хешу табор, масъулияти онҳое, ки ин никоҳро амалӣ мекунанд, ба ҳам омада, неруи солиму тавоноеро ташкил медиҳад, ки мекӯшад ба хато роҳ надиҳад. Ин аст, ки чунин хонаводаҳо асосан пойдору қавӣ мемонанд ва ҷомеаи солимро солимтар мегардонанд. Албатта, касе зидди ҳамдигарро  дӯст доштани ҷавонон нест, аммо ин дӯст доштану ин муҳаббат ҳамон вақт қавитар мегардад, ки дар канораш чунин сутунҳои баэътимод дошта бошад.

Албатта, дар ин маврид ҳолатҳои алҳида ва ангуштшумореро, ки бо иштибоҳ ва ё ғарази волидайн ҷавонон наметавонистанд хушбахт бошанд, истисно мекунем. Буданд ва шояд имрӯз ҳам ҳастанд инсонҳое, ки барои манфиати шахсӣ, моликияти муфт ба даст овардан ё ягон ҳадафи ғаразноки дигар фарзандонро қурбони чунин издивоҷҳои маҷбурӣ мекунанд. Дар замонҳои гарони ҷанги шаҳрвандӣ, ҳатто барои раҳоӣ аз дасти қаҳтӣ духтарони ҷавонро ба пиронсолони доро маҷбуран ба шавҳар медоданд. Аммо инҳо ҳолатҳои истисноӣ буда, сурати воқеии расму русум ва одоби миллии моро дар маросими ақди никоҳ ва издивоҷ нишон намедиҳанд.

Ба ҳар ҳол мо бояд тадбирҳое андешем, ки пеши роҳи бебақоии хонаводаҳои ҷавонро бигиранд. Ва дар ин ҷода тамоми ҷомеа- аз масъулини давлатӣ, яъне шуъбаҳои давлатии ақди никоҳу идораҳои дигар то падару модар ва худи ҷавонон бояд саҳмгузор бошанд. Пешниҳоди ташхис ва озмоиши хунҳо пеш аз издивоҷ бо мақсади солимии насли нав яке аз иқдомҳои нек аз ҷониби Ҳукумати кишвар буд. Аммо вазъият талаб мекунад, ки аз ҷониби идораҳои ақди никоҳ ва хонаводаҳо тадбирҳои иловагии саривақтии дигаре низ андешида шаванд, ки ба беҳбуди кор мусоидат кунанд. Вақти он аст барномае тарҳрезӣ шавад, ки ба ҷавонон имконияти қавитар кардани боварӣ ба худ, ҳосил кардани итминони бештарро бидиҳад, доираи фаҳмиши онҳоро дар шинохти худ ва олам васеътар гардонад.

Вақте ки хонаводаҳои ҷавон мехоҳанд ҷудо шаванд, ба онҳо муҳлат дода мешавад, то андеша кунанд, ки оё азмашон қатъист ва фардо пушаймон намешаванд. Бале, ин дуруст аст, аммо чунин муҳлат  заруртар аст ба онҳо  пеш аз издивоҷ дода шавад ва ҷиддан талаб карда шавад, ки ҷавонон қарори худро нағзтар бисанҷанд. Шояд баъзе чораҳое дида ё шартҳое гузошта шаванд, ки қавӣ, пойдор ва асил будани эҳсосоти ҷавононро собит созанд.    Чунон ки мегӯянд, ҳафт бор чен кардаву як бор буридан ба манфиати кор хоҳад буд.

Чаро дар хусуси масъулияти ҷавонон пеш аз никоҳ намеандешем?

Шояд барномае тарҳрезӣ шавад, ки пеш аз издивоҷ аз он гузаштан ва омӯзиши он тавонад ҷавононро аз роҳи иштибоҳ бигардонад? Чунин пешниҳод ва саволҳоро метавон зиёд гузошт. Яъне вазифаи мо ин аст, ки биандешем ва чораҳое роҳандозӣ кунем, ки ҳадафашон солимии издивоҷҳо, яъне солимии ҷомеа бошад.

Албата, ин як андешаи сарироҳии банда аст ва даъвои асос будан надорад. Масъалаи ақди никоҳ дар замони муосир бояд бо роҳҳои муосир ва андешаҳои солим, бо ширкати идораҳои дахлдори маъмурӣ, мутахассисони ҷомеашинос ва донишмандони дигар ҳалли худро ёбад. Аммо афзудани теъдоди пошхӯрии хонаводаҳои ҷавон масъалаест хеле изтиробангез, ки бояд таҳқиқоти сотсиологии худро биёбад ва тадбирҳои фаврӣ нисбат ба он андешида шаванд. Зеро пойдории ҷомеа аз пойдории оила вобастагӣ дорад.

Ин ақида, ки интихоби ҳамсар интихоби нимаи дигари хеш аст, ақидаест солим ва мантиқан дуруст, зеро ду нафар инсоне, ки тақдир онҳоро ба ҳамдигар мепайвандад, на танҳо тамоми умр ҳама бурду бохти зиндагӣ, ғаму нишотро   бо ҳам мебинанду ҳама мушкилоти зиндагиро бо ҳам таҳаммул мекунанд, балки онҳо воқеан ба ҳамдигар он қадар мепайванданд, ки ду нимаи як ҷисми бузург мегарданд ва аз омезиши онҳо инсони нав ба дунё меояд. Ва ин пайванд мисли пайванди ду ниҳол аст, ки агар иштибоҳе равад, пайванд намегирад ва агар пайванд солим ояд, ин оила мисли як дарахти бутун қавиву пойдор ва  сарсабзу шукуфо хоҳад буд.   Ва ин дарахт чӣ ҳосиле ба бор меорад, аз солимияти ин пайванд вобаста хоҳад буд. Ин аст, ки издивоҷи инсонӣ, ки ҳастии имрӯзу ояндаи ҷомеа ба он  вобастагӣ дорад, масъалест барои инсонҳо тақдирсоз ва аз ин рӯ муқаддас.

Камол НАСРУЛЛО,
         ходими адабии АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2019 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд