Носир Саидов: «Телевизиони Сафина» барои дарёфти ҷавонони боистеъдод бо донишгоҳҳо ҳамкории мустақим дорад»

Февраль 7, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  зимни нишасти матбуотии  Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» директори Муассисаи мазкур  Носир Саидов ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» оид ба чӣ гуна интихоб ва тайёр намудани наттоқон дар  телевизион иброз дошт, ки «наттоқонро  барои телевизион, махсусан барои барномаҳои иттилоотӣ мо тариқи озмун қабул намуда, давоми се-чор моҳ меомӯзонем».

Инчунин зикр карда шуд, ки  «ғайр аз он ки телевизион дар як сол як маротиба озмун эълон мекунад, он ҳамчунин    бо донишгоҳҳо ва роҳбарияти факултетҳои журналистика барои дарёфти ҷавонони  боистеъдод ҳамкории мустақим дорад.  Нафароне, ки қобилияти барандагӣ,   чеҳраи зебо ва нутқи бурро дошта  бошанд,    ба кор қабул карда мешаванд. Аммо,  мутаассифона, ёфтани  наттоқе, ки ҳам дар барномаҳои иттилоотӣ барандагӣ кунаду ҳам қалами хуб дошта бошад, бисёр мушкил аст».

Зикр карда шуд, ки  «Телевизиони Сафина» бо мақсади табодули таҷриба ва ҳавасмандсозии кормандони соҳаи телевизион соли дуюм аст, ки Озмуни телевизионии «Беҳтарин»-ро роҳандозӣ мекунад. Дар озмун аз рӯи 11 номинатсия беҳтаринҳо дарёфт ва дар ин  маросим бо ҷом, диплом ва туҳфаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Февраль 7, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд