«Саҳрои бекаронаи таърих»- и Садриддин Ҳасанзода навъе аз пажўҳиш ва хулосабарориҳои журналистӣ арзёбӣ гардид

Февраль 27, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 27.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби тозанашри нависанда Садриддин Ҳасанзода-маҷмӯаи очеркҳои публитсистӣ таҳти унвони «Саҳрои бекаронаи таърих», ки аз се ҷилд иборат аст, баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими рӯнамоӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва дигар меҳмонону адибон  иштирок доштанд.

Зимни ҳамоиш Шамсиддин Орумбекзода баён дошт, ки маҷмўаи мазкур бо илҳом аз асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни Ориён» эҷод гашта, як навъ тафсири бобҳои алоҳидаи ин асарҳои безавол, ҳамчунин шарҳи баъзе аз бахшҳои асари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба шумор меравад.

Ба иттилои Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, китоби мазкурро метавон навъе аз пажўҳиш ва хулосабарориҳои журналистӣ номид.

Тавре дар ҳамоиш зикр гардид, китоби мазкур барои тарбияи хештаншиносӣ, ватандўстии насли ҷавони мамлакат ва эҳтироми онҳо ба фарҳанги ниёгон муфид аст.

Бояд гуфт, ки Садриддин Ҳасанзода нависандаи нозукбаён, фасеҳгуфтор, рӯзноманигори ҳақиқатнигор, ҷӯянда, заҳматкаш буда, повести аввалинаш соли 1989 аз тариқи нашрияи «Адиб» ба табъ расидааст. Ӯ муаллифи даҳҳо маҷмӯаҳои қисса, ҳикоя, очерк, тарҷумаҳо – «Эҳёи Када», «Чароғи лола», «Дарёи нур», «Доғи сӯзон», «Пуштаи зардолуҳо», «Рўшноӣ – растагорӣ. Роғун; баҳс ва воқеият», «Ашки қалам», «Нашъамандӣ ва ҷомеа», «Муҷассамаи нодир», «Ёдҳои парокандаи бодияҳо», «Чароғи давра», «Мифтоҳи ганҷ», «Саҳифаҳои ҷолиб», «Иморати сухан», «Фарҳангшиносӣ», 150 мақолаи илмӣ – оммавӣ ва 15 филми мустанади телевизионӣ мебошад.

Февраль 27, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд