Саршумори қутос дар Мурғоб ба 19 ҳазор сар расидааст. Имрӯз гӯшту шири он аз ҷиҳати экологӣ тозатарин ҳисобида мешавад
ХОРУҒ, 08.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2009 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 15 ҳазору 100 сар қутос мавҷуд буд. Маҳз ҳамон сол Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди қутоспарварӣ қарори махсус ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ҳамасола барои рушди ин соҳа 200 ҳазор сомонӣ ва давоми панҷ сол 3 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Тавре сардори Раёсати кишоварзии вилоят Абдуласан Мамадасанов ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” гуфт, «баъди қарори мазкур дар кишвар меъёру қоидаҳои миллии соҳаи қутоспарварӣ таҳия ва аз тарафи Агентии “Тоҷикстандарт” ба қайд гирифта шуданд. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки саршумори қутос давоми 20 сол як баробар афзояд. То 1 январи соли равон танҳо дар хоҷагиҳои қутоспарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саршумори қутос ба 24 ҳазору 11 сар расид, ки 19 ҳазори он дар чарогоҳҳои баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб парвариш меёбанд. Афзоиши саршумори қутос нархи ширу гӯшти онро дар як сатҳ нигоҳ дошт. Агар нархи як кило гӯшти ин навъи ҳайвон дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон 45-48 сомонӣ бошад, пас дар бозори шаҳри Хоруғ он 34 сомонӣ мебошад».
Қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба шумор рафта, гӯшту шири қутос аз ҷиҳати экологӣ тозатарин ҳисобида мешаванд. Сол аз сол талабот ба ин маҳсулот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон бештар мегардад.








РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд






