ЗАБОНДОНӢ ҶАҲОНДОНИСТ. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 4 ихтисоси нав роҳандозӣ гардидааст

Февраль 5, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 5.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Барои тақвият бахшидан ба сатҳи забономӯзии донишҷӯён ва ба талаботи меҳнат омода намудани мутахассисон Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 4 ихтисоси нав роҳандозӣ намудааст. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, соли таҳсили 2018-2019 ихтисосҳои нав: забон ва адабиёти тоҷик – забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик – фарҳанги ҷаҳонӣ, забони франсузӣ – забони англисӣ ва забони немисӣ –забони  англисӣ ба роҳ монда шуданд.

Ҷорӣ гардидани ихтисосҳои мазкур дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми  навбатӣ ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 декабри соли 2018 бо изҳори нигаронӣ аз вазъи  забономӯзии ҷавонон таъкид намуданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода шавад: «Аз ин лиҳоз ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд».

Зикр гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои забондон ва мутахассисони варзидаи соҳа аз хориҷи мамлакат 10 нафар омӯзгорон барои кор ба Донишкада ҷалб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки омӯзгорони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  дар 4 факултет ва даҳ кафедра аз рӯи 27 ихтисос ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Февраль 5, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст