1 март-Рӯзи байналмилалии иммунитет: системаи иммунии инсон барои нигаҳдории саломатӣ ҷавобгӯй буда, 95 фисади онро нигоҳ медорад

Март 1, 2019 09:39

ДУШАНБЕ 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Аз соли 2002 инҷониб  дар аксар кишварҳои ҷаҳон  бо ташаббуси Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ  1 март  Рӯзи байналмилалии иммунитет ҷашн гирифта мешавад. 

Мақсади баргузории ин рӯз  ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи   ҷомеа баҳри  баланд бардоштани  системаи иммунии инсон  ва бақувват нигоҳ доштани он  мебошад.  Дар ин рӯз табибон даъват менамоянд, ки ҳарчи бештар ба саломатии худ аҳамият дода, аз ҳар гуна одатҳои бад худро эмин доранд ва тарзи ҳаёти солимро пеш баранд.

Аз рӯйи тадқиқоти табибон, нишонаҳое, ки баъди зимистон пайдо мешаванд, далели паст будани иммунитети бадан мебошанд.  Тавре ки маълум аст,  сари вақт истеъмол накардани  хӯрок, пурра нагирифтани хоб,  шароити бади экологӣ инсонро ба  ҳолати асабоният оварда, ба системаи иммунии  бадан зарар мерасонанд.

Тибқи тадқиқоти Ассотсиатсияи клиникии иммунологҳо, дар ҳамаи давлатҳо аз 8 то 15 фоизи сокинон   аз системаи иммунии заиф азоб мекашанд.  Бояд гуфт, ки   10 фоизи аҳолии рӯи замин иммунитети бақувват дошта, 10 фоизи дигар ба категорияи  тез-тез беморшаванда дохил мешаванд. Системаи иммунии онҳо аз рӯзи таваллуд суст мебошад. Системаи иммунии тақрибан 80 фоизи дигар  ба  тарзи ҳаёти солим  алоқаманд аст.

Барои фаҳмидани он ки иммунитети баданро чӣ гуна   бояд нигоҳ дошт  ва барои баланд бардоштани он чӣ бояд кард, мухбири АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи дастуриву методии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ Фирдавс Рауфов  ҳамсуҳбат гардид.

Ба гуфтаи Ф.Рауфов, системаи иммунии инсон  барои нигаҳдории саломатӣ ҷавобгӯй буда, 95 фисади саломатии инсонро нигоҳ медорад.   Системаи иммунии инсон организмро муҳофизат намуда, аз ҳар гуна омилҳое, ки аз берун ба дохили организм ворид мешаванд,  ба монанди   микробактерияҳо,  ҳар гуна микробҳо ва  вирусҳо нигоҳ дошта, аз беморшавии организм ё  заҳролудшавии он эмин медорад.

«Дар зиндагии ҳаррӯзаи мо хоҳ- нохоҳ ба организм   тариқи ҳаво, об, хӯрок, дастони чиркин  ё риоя накардани гигиенаи шахсӣ метавонанд    микробҳо ё вирусҳо ворид шуда, ба беморшавӣ ва паст шудани масунияти бадан оварда расонанд. Бояд гуфт, ки системаи иммунии инсон аллакай дар   батни модар оғоз мегардад.  Баъдан, ки тифл   тавлид мешавад, системаи иммунии он тариқи шири модар ва инчунин ҳангоми эм гузаронидан қавӣ мегардад.  Эмкунӣ яке аз омилҳое мебошад, ки иммунитети баданро баланд бардошта, шахсро аз ҳар гуна бемориҳо  эмин медорад»,- зикр намуд мусоҳиб.

Ба зикри  мутахассис,  яке аз сабабҳои паст шудани системаи иммунии инсон- ин  истеъмоли ғизои нодуруст мебошад.  Ҳамчунин  шароити бади экологӣ, бештар бо шиками гурусна гаштан, ҳолати парҳезӣ, кам будани микроэлементҳо  дар организм,  ба монанди витаминҳо, инчунин ҳолати баъд аз бемории дуру дароз ба паст шудани иммунитети инсон оварда мерасонанд.  Барои пешгирии ин ҳолат ва баланд бардоштани системаи иммунии бадан ҳар як шахсро мебояд, ки пеш аз ҳама, ғизои  солим истеъмол намуда,   сабзавоту меваҷотеро, ки  таркибашон аз витаминҳо  бой аст, истифода баранд.

Ба гуфтаи  Ф. Рауфов, фаромӯш набояд, кард, ки ҳар як шахс  бояд дуруст хоб равад. Хоб мувофиқи меъёр бояд аз 5 то 7 соатро дар бар гирад. Инчунин инсон новобаста аз фасли сол бояд бо машқҳои пагоҳирӯзӣ организмро обу тоб диҳад. Аз ҳар гуна  одатҳои бад, ба монанди сигоркашӣ ва  нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ   даст кашад.

Иммунитет 3 хел мешавад: меросӣ, табиӣ ва  сунъӣ. Иммунитети меросӣ аз насл ба насл мегузарад ва аз вақти таваллуд мавҷуд аст. Иммунитети табиӣ баъди ба ин ё он бемории сирояткунанда гирифтор шудани организм ва баъди сиҳат ёфтан пайдо мешавад. Одам дубора ба ин беморӣ гирифтор намешавад. Иммунитети сунъиро барои пешгирӣ кардани бемориҳои сирояткунанда ба тариқи мояҳои (ваксинаҳои) махсус тайёркардашуда истифода мебаранд. Дар натиҷа одам ба бемориҳои исҳоли хунин, сил ва ғайраҳо гирифтор намешавад.

Бояд гуфт, ки иммунитет на ба ҳама барангезандаҳои бемориҳо қобилияти устуворӣ дорад. Бинобар ин одам ба бемориҳои зуком, зардпарвин, гулӯдард ва ғайра метавонад якчанд маротиба такроран гирифтор шавад.

Аз гуфтаи мутахассис бармеояд, ки барои системаи иммунии худро қавӣ нигоҳ доштан бояд тарзи ҳаёти солимро пеш барем  ва аз одатҳои бад даст кашем. Набояд фаромӯш кард, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 1, 2019 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд