Ба Бадахшон барои таъмиру тармими роҳҳои мошингард 9 адад техникаи роҳсозӣ интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмиру тармими роҳҳои мошингарди ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи амалисозии Cозишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар марҳилаи дуввум аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ВМКБ 9 адад техникаи роҳсозӣ интиқол дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, техникаи роҳсозӣ тариқи дидбонгоҳи Қулма ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар марҳилаи аввал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 23 техникаи пуриқтидори роҳнигоҳдорӣ ба қаламрави вилоят ворид карда мешавад.
Дар маросими қабули техникаҳои роҳсозӣ муовини Раиси вилоят Умедҷон Носирзода ва муовини сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳнигаҳдории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эганбердӣ Хуҷаев ширкат доштанд.
Зикр гардид, ки дар ҳолати кушода ва ба талабот ҷавобгӯ нигоҳ доштани роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар тамоми фасли сол муҳимтарин вазифаи роҳсозон ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти чунин техникаи пуриқтидор имкон медиҳад, ки роҳҳои байналмилалиливу ҷумҳуриявии ВМКБ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шаванд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини паркҳои технологии муассисаҳои роҳнигаҳдории ВМКБ ва навоҳии минтақаи Рашт 81 адад техника ва механизми роҳсозӣ бо харҷи беш аз 5 миллион доллар харидорӣ гардиданд.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






