Бахшида ба 100-солагии ДДУК Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯён доир шуд

Март 13, 2019 11:28

ДУШАНБЕ, 13.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар  толори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода  бахшида ба ҷашни  100-солагии Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов нахустин  Фестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳмуддати донишҷӯён таҳти унвони «Қатра» баргузор  гардид.

Дар фестивали мазкур  ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Хайриддин Идиев, ректори Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов Владимир Малишев, ҳунармандон ва  устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Тавре Хайриддин Идиев иброз намуд,  «нақши Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография дар рушди санъати кинои тоҷик хеле бузург аст. Бояд гуфт, ки асарҳои офаридаи хатмкардагони ин донишкада дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо шоҳҷоизаҳо қадрдонӣ шудаанд. Дастпарварони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ поягузорони мактаби кинематографистӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд».

Ҳамчунин зикр шуд, ки дастпарвари дигари ДДУК  Борис Кимёгаров яке аз коргардонҳои маъруфи кишвар ба шумор рафта, дар эҳёи дубораи «Тоҷикфилм» саҳми назаррас гузоштааст. Филмҳои беҳтарини ӯ «Қисмати шоир», «Ҳасани аробакаш», «Дохунда», «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Сиёвуш»  шуҳрати беандоза касб намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар ҷаҳон баланд бардоштанд.

Зимни фестивал филмҳои кӯтоҳметражи донишҷӯён ба намоиш гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  бегоҳи дирӯз дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон консерти муштараки донишҷӯён таҳти унвони «Дӯстӣ» баргузор гардид.

Март 13, 2019 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид