Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ озмуни «Маликаи наврӯзӣ» баргузор гардид
ХОРУҒ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ зиёда аз 400 нафар тамошобинон ва 5 нафар аъзои ҳакамон ҷамъ омаданд, то аз миёни 8 нафар донишҷӯён маликаи наврӯзиро интихоб намоянд. Муовини ректори донишгоҳи мазкур Ниёзалӣ Қамбаров гуфт, ки «панҷ сол инҷониб дар донишгоҳ озмуни «Маликаи наврӯзӣ» баргузор мегардад.
Ба фарқ аз солҳои қаблӣ дар озмуни имсола довталабони зиёде аз факултаҳои мухталиф номзадҳои худро пешниҳод намудаанд ва ҳайати ҳакамон низ аз миёни коршиносони касбии масоили фарҳангӣ интихоб гардиданд. Дар гузашта бар сари иҷрои ин ё он шарти озмун байни иштирокчиён ва ҳакамон баҳсу мунозира барпо мешуд, аммо ин бор ҳамаи аъзои ҳакамон аз вижагиҳои наврӯзии манотиқи мухталифи кишвар огоҳии комил доштанд. Аз ин рӯ аз баҳои гузоштаи онҳо ҳам маликаҳо ва ҳам мухлисонашон қаноатманд буданд».
Ба гуфтаи устоди донишгоҳи мазкур, номзади илмҳои филологӣ Аловиддин Шоинбеков, «ҳар як шарте, ки дар назди «маликаҳо» гузошта буданд, хеле табиӣ, заминӣ ва барои ҳар духтар аз манфиат холӣ набуд. Шартҳое, ки духтарон рӯи саҳна иҷро карданд, ҳамарӯза бо онҳо дар зиндагӣ дучор омадан мумкин аст. Масалан, пазироии меҳмон ва оро додани дастурхон барои ӯ. Дар назари аввал ин як амали содаву од метобад, аммо меҳмон ба ҳар як ҳаракат, тарзи либоспӯшӣ, шину хез ва гуфтори кадбону таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Шояд як табассуми ноҷо дили меҳмонро ранҷонад. Мардуми рус як мақоли хубе доранд ба ин маънӣ, ки «одамро бо либос истиқбол мегиранд ва бо ақл гусел мекунанд».
Аз ин рӯ озмуни мазкур барои духтарон аз ҳар ҷиҳат ибратомӯз аст.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






