Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Хуҷанд Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» баргузор мегардад

Март 22, 2019 11:53

ХУҶАНД, 22.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар робита ба ҷашни Наврӯзи дилафрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» баргузор мешавад.

 Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» дар назди маҷмааи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» доир гардида, ҳадафи асосии он  баланд бардоштани фарҳанги маънавӣ, омода намудани духтарон ба оиладорӣ ва сайқали маҳорати кадбонугии онҳо, эҳё ва рушди анъанаҳои ниёгон дар ҷодаи пухтани таомҳои миллии наврӯзӣ ба ҳисоб меравад.

Озмун аз рӯи номгӯҳои зерин- «Беҳтарин таоми миллии наврӯзӣ», «Ороиши дастурхони наврӯзии беҳтарин», «Хаймаи беҳтарин», «Намоиши фолклории беҳтарин» ва «Дастони моҳир» гузаронида шуда, дар он ошпазони моҳиру пазандагони шириниҳои миллӣ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташкили хайма ва намоиши маҳсули дастонашон иштирок менамоянд. Инчунин аз ҷониби ҳар як хайма барномаҳои фолклорӣ низ пешкаш карда мешаванд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва маблағи пулӣ аз 1000 то 3000 сомонӣ ва шаҳр (ноҳия)-и беҳтарин бо ҷоизаи «Гран-при»-и Фестивал сарфароз гардонида мешаванд.

Инчунин дар ин рӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-и маркази вилоят озмуни вилоятии «Сайри гули лола» низ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар, ҳоло дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилоят ҳашарҳои оммавӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, баргузории “Озмуни дастархонороӣ”, “Чакомаи гесӯ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Маликаи наврӯзӣ”, маҳфили “Канӣ, духтарон!”, мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, аёдати шахсони маъюбу барҷомонда, конференсияву семинарҳо, тӯйҳои хайриявӣ ба назар мерасанд.

Март 22, 2019 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд