Дар шаҳри Комсомоли лаби Амур Тоҷикистон ва расму анъанаҳои миллии тоҷикон муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, ки бо ташаббуси ҷамъиятҳои тоҷикон баргузор мегарданд, ҳамоно идома доранд. Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Садбарги Боқӣ иттилоъ медиҳад, чанде қабл бо дастгирии раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амур Абулқосим Абдуллоев маҳфили наврӯзӣ барпо гардид, ки он доираи васеи ҳамватанонеро, ки дар ин шаҳр фаъолият менамоянд, сари хони наврӯзӣ ба ҳам овард.
Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари Ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр изҳор дошт, ки «агарчӣ солҳои қаблӣ онҳо танҳо бо иштироки ҳамватанон ҷашни Наврӯзро истиқбол мегирифтанд, вале баъди мақоми байналмилалӣ касб намудани ин иди миллӣ ҳоло онро бо баргузории маҳфилҳои бузург ва мутантан ҷашн мегиранд».
Абулқосим Абдуллоев дар идома гуфт, ки барои иштирок дар ин гуна ҳамоишҳое, ки ба воситаи он Тоҷикистон ва расму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ мешаванд, тамоми роҳбарони мақомоту идораҳои шаҳри Комсомоли лаби Амур ва шахсони гуногункасб даъват мешаванд.
Дар ин маҳфили наврӯзӣ раиси шаҳр, сардори Думаи давлатии он ва роҳбарони ҷамъиятҳои халқиятҳои гуногун, ки ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд, иштирок намуданд. Онҳо аз намоишгоҳ ва хони наврӯзӣ дидан карда, доир бо расму анъанаҳои мардуми тоҷик шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва иҷрои суруду мусиқиҳои тоҷикӣ дар ин шаҳри дурдасти Федератсияи Россия ба барномаи наврӯзӣ таровати дигар бахшиданд.
Ҳамин гуна як барномаи дигар ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ҳамватанони бурунмарзиамонро, ки дар бахшҳои гуногуни ин шаҳр фаъолият доранд, бо ҳам овард. Бино ба иттилои хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР Садбарги Боқӣ, дар маҳфили идонаи тоҷикони шаҳри Уфа сармутахасиси шуъбаи ҳуқуқи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР Бахтиёр Ятимов ширкат намуда, ин ҷашни бостониро ба тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ таҳният гуфтанд.
Тавре Бахтиёр Ятимов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт: «Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму оини он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангию бунёдкор ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки дар кадом гӯшаву канори дунё, ки набошем, ин ҷашни бостонӣ моро ба ҳам меорад, сари хони меҳру муҳаббат мешинонад ва рӯҳи моро шоду хурсанд мегардонад. Аз ин лиҳоз дар ин минтақаи дурдасти Федератсияи Россия ҳамватанони мо бо меҳру самимият ва шодию фараҳ ҷашни байналмилалии Наврӯзро истиқбол мегиранд ва мо ҳам дар паҳлӯи онҳо ин идро таҷлил мекунем».
Хотиррасон мешавем, ки бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Ассосиатсияи миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон»-и Федератсияи Россия ва роҳбари ин ҷамъият Марҳабат Раҳматов барномаи идона бо иштироки доираи васеи ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмонҳо-намояндагони дигар қавму миллатҳо сурат гирифт.








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






