Душанбе мизбони Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор» мегардад
ДУШАНБЕ, 27.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор» 28 март дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе оғоз ёфта, дар он молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.
Бояд тазаккур дод, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2019. Баҳор» бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт гузаронида мешавад.
Намоишгоҳи байналмилалӣ дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ доман густурда, ҳадафаш муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя, рушди иқтисод дар мамлакат арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019. Баҳор» корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика, технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоранд.
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019.Баҳор» намоишгоҳи анъанавӣ маҳсуб ёфта, он ҳамасола дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Дар доираи баргузории намоишгоҳ бизнес-форум бо иштироки доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар назар дошта шудааст.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






