Имрӯз дар Душанбе нахустнамоши филми нави «Рақси зиндагӣ» баргузор мешавад

Март 16, 2019 10:38

ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, 16 март, соати 17:00 дар кинотеатри «Зебуниссо» нахустнамоиши филми «Рақси зиндагӣ» баргузор мегардад.

Муаллифи филмномаи «Рақси зиндагӣ» Сафар Ҳақдод ва коргардони он Муҳаббат Сатторӣ буда, Абдукарим Машрабов ва Фарида Иброҳимова дар ин филм нақшҳои асосиро  иҷро кардаанд.

«Рақси зиндагӣ»  филми нахустинест, ки    Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар  чаҳорчӯбаи  «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ба навор гирифтааст.

Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» коргардони филм Муҳаббат Сатторӣ иброз дошт, рӯйи ин филнома зиёда аз 5 сол кор кардаанд. «Вақте ки солҳои 2015-2016 мо наворгирии филмро ба нақша гирифтем ва бояд онро оғоз мекардем, ман ба ҳарос афтодам ва ҳис кардам, ки ҳоло ҳам ҷиддитар бояд омода бошем. Ба ҷои ин ман филми «Маро бубахш»-ро ба навор гирифтам. Аз моҳи июни соли гузашта мо аз пайи навор ва интихоби мавзеъҳои банаворгирӣ шудем. Хулоса аз моҳи июн корро оғоз кардем»,-изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, давраи омодагӣ ба филм 3 моҳро дарбар гирифта, наворбардорӣ дар ноҳияи Муъминобод, ҷамоати Чилдухтарон, деҳаи Ҷавзодара ва қисми дигари филм дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.

Ба андешаи Муҳаббат Сатторӣ, филм бояд тамоми рушду инкишоф ва такопӯи инсонро дар ҳаёт инъикос намояд. Ҳамон гунае, ки як сол аз 4 фасл иборат аст, ҳаёти одамӣ низ дорои 4 фасли худ аст, ки ҳар яке бо хусусияти фарқунанда аз ҳам тафовут мекунад.

Муҳаббат Сатторӣ «Рақси зиндагӣ» ном гирифтани филмро ба он рабт дод, ки дар зиндагӣ ҳар кадоми мо бо талошу такопӯ ва заҳматҳои худ ҳаракат мекунем ва мерақсем. «Мо ҳамвора дар ҷустуҷӯ ҳастем, ҳаракат кардани мо ин ҳама рақсидан аст. Дар як ҷои филм модари қаҳрамони асосии филм мегӯяд, ки «саҳнаи зиндагӣ саҳнаи рақс нест».  Дар зиндагӣ мо дар як чорчӯбае ҳаракат мекунем, ки ин худ як рақс аст. Рақсидан дар назари аввал чизи одӣ менамояд. Мегӯянд, ки вақте одам мерақсад, хурсанд мешавад, худашро беҳтар ҳис мекунад. Ман мегӯям, ки фалсафаи зиндагии мо аз рӯзи ба дунё омаданамон рақс аст, аз он ки кӯдаки навзод дасту поча мезанад, аллакай рақси мо аз ҳамин  оғоз мегардад»,-мегӯяд ӯ.

Дар филм тамоми зебогии либосҳои занона, нақшу нигори орооишӣ, ки хоси  миллати тоҷиканд, инъикос ёфтааст. Филми мазкур туҳфае хубест дар Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам Наврӯзи аҷам, ки ифодакунандаи зебоиву накҳат ва болидахотирист.

Ба гуфтаи коргардон Муҳаббат Сатторӣ, дар филм ҳамаи ҳунармандони касбӣ нақш офарида, аз иҷрои он ба хубӣ баромадаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

 Маълумоти АМИТ «Ховар»:

Муҳаббат Сатторӣ хатмкардаи шуъбаи режиссёрии Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода буда, фаъолияти эҷодияшро аз саҳнаи театр оғоз намудааст.  Филмҳои таҳиянамудааш «Пайванди шикаста», «Падруду пайғом», «Афсонаи хоб», «Зарандуд», «Як ҷаҳон аз ману ту», «Маро бубахш», «Бархез модар» ва «Рақси зиндагӣ» мебошанд.

Март 16, 2019 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид