Пас аз таҷдиди ҳамаи агрегатҳои НБО «Норак» иқтидори истеҳсоли қувваи барқ ба 3300 мегаватт расонида мешавад

Март 9, 2019 10:10

НОРАК, 09.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо хурду бузурги шаҳри Норак  баҳри истиқболи меҳмонон аз гӯшаю канори мамлакат дар ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Ҳамзамон  кормандони ду неругоҳи бузурги ҷумҳурӣ- НБО «Норак»   ва НБО «Бойғозӣ»   дар созандагию ободкории маркази шаҳри Норак ва гулпӯш намудани саҳни ин корхонаҳои бузургу мумфаршкунии роҳҳои он саҳми арзанда гузошта истодаанд. Хушбахтона, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи имсола  бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои барқарорсозии НБО-и «Норак» оғоз мегарданд, ки ин иқдоми Президенти мамлакат ояндаи иқтисодии Тоҷикистони азизро дурахшон менамояд.

Сармуҳандиси НБО-и «Норак»  Рустам Фозилов изҳор дошт, ки «Неругоҳи барқи обии «Норак» солҳои 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, 2700 мегаватт қувваи барқ истеҳсол мекард. Баъди гузаронидани корҳои таъмиру таҷдид соли 1988 иқтидори истеҳсоли қувваи барқ дар неругоҳ ба 3000 мегаватт расонида шуд. Вале давоми зиёда аз  40 соли фаъолияти корӣ тавоноиигидроагрегатҳои неругоҳ аз сабаби кӯҳнаю фарсуда шудан ба миқдори 400 мегаватт кам гардидааст. Аз ин лиҳоз зарурати ивазнамоии агрегатҳо ва дигар таҷҳизоти неругоҳ ба миён омад, то иқтидори пешинаи неругоҳ барқарор карда шавад. Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳила давоми даҳ сол сурат гирифта, дар доираи он таҷдиди ҳамаи гидроагрегатҳо амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон иқтидори истеҳсолии НБО «Норак»  ба 3300 мегаватт расонида мешавад».

Корҳои барқарорсозии НБО-и «Норак» аз тарафи ширкати «Андритс Гидро», ки дорои таҷрибаи бойи амалисозии лоиҳаҳои байлалмилалии гидроэнергетикӣ ва бузургтарин ширкати ҷаҳонии истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи таҷҳизоти муосир барои неругоҳҳои барқи обӣ мебошад, амалӣ мегардад.

Кормандони неругоҳ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маросими муҳими давлатӣ дар атрофи корхона зиёда аз  даҳ ҳазор гулҳои рангобарангу дарахтони ороишӣ шинонида ва шиору овезаҳо насб кардаанд. Дар ин рӯзҳо дар шаҳр  баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонони олимақом корҳои омодагӣ ва сохтмонию созандагӣ ҷараён доранд.

Март 9, 2019 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд