Ширкати «Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба самтҳои гуногун аз нав барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 12.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» парвозҳои худро сар аз 31-уми марти соли равон дигарбора барқарор менамояд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.
Икром Субҳонзода ҳамчунин изҳор намуд, ки тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимшаванда ва иҷозатдиҳандаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ дастрас карда шудааст. Пас аз мувофиқа бо дигар сохторҳои марбута парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар самти Душанбе –Москва барқарор карда мешаванд.
Икром Субҳонзода афзуд, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» ба самти Душанбе- Москва аз 3 январи соли равон бинобар вазъи молиявии ширкати «Тоҷик Эйр» муваққатан қатъ гардид. Тайи ин муддат мусофирони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-ро ба самти шаҳрҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла Москва ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» интиқол медоданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод бо «Тоҷик Эйр» хабар медиҳад, 11 март дар тамоми нуқтаҳои чиптафурӯшии кишвар фурӯши чиптаҳои ширкат дар хатсайри Душанбе-Москва ва Москва-Душанбе оғоз гардид. Парвози нахустин дар ин самт рӯзи 31-уми марти соли равон дар назар дошта шудааст.
Пас аз анҷоми расмиёти муайян моҳи апрели соли равон давра ба давра парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар дигар хатсайрҳо низ барқарор карда мешаванд.
Қабл аз ин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Урумчӣ-Душанбе, Душанбе-Теҳрон-Душанбе, Душанбе-Алма-ато-Душанбе, Душанбе-Бишкек-Душанбе, Душанбе-Самарқанд-Душанбе, Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Сургут-Душанбе, Душанбе-Нижневартовск-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе ва Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазамро иҷро менамуд.
Ёдовар мешавем, ки парки ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» аз тайёраҳо ва чархболҳои Boeing 737-300, Boeing 757-200, Boeing 767-300, Bombardier CRJ–200, Ан-28 ва Ми-8 МТВ иборат мебошад.









Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






