Шоира Бузурукова: «Зан на танҳо мазҳари покизагист, балки офарандаи инсонҳост»

Март 8, 2019 09:57

ХУҶАНД, 08.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад.  Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим кор ва фаъолият мекунанд, бахусус, нақши онҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии ҷомеа – тандурустӣ хеле назаррас арзёбӣ мегардад.

Дар арафаи Рӯзи Модар мухбири АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад ДАДОБОЕВ  бо сартабиби Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, номзади илмҳои тиб Шоира БУЗУРУКОВА  ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ оиларо ниҳоди асосии ҷомеа  ва зан-модарро сарчашмаи асосии меҳрафзои он номидаанд. Дар робита ба ин Шумо чӣ андеша доред?

Ш.Бузурукова: Албатта, дар тарбияи инсон хонавода муҳимтарин воҳид ва рукни тарбия дар ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад. Тавре олими бузург Ҷорҷ Ҳерберт гуфтааст, «як модари хуб ба сад устод ва омўзгор меарзад».  Барҳақ, ягон шахс дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ дарёфт намояд. Дар ҳама давру замон зан ду рисолат- пойдории оила  ва тарбияи фарзанд дошт.  Модар, ки худ чароғи хонавода ба ҳисоб меравад, барои тарбияи фарзанд масъул аст. Танҳо бо меҳру муҳаббат, сухани нарму беолоиш ва пиндори шоистаи ӯ фарзанд тарбияи хуб ёфта,  дуруст ба камол расида, обрӯи оиларо дар миёни аҳли ҷомеа ва берун аз он метавонад баланд бардорад.

Хосатан духтарон тамоми фазилатҳои зиндагӣ, аз ҷумла ҳаёву одоб, тарзи рӯзгордорӣ, ҳунари пухтупаз ва дигар зарурати ҳаётиро аз модари худ меомӯзанд. Инчунин эҳтиром намудани шавҳар ба сифати сарвари оила ва ҳамчун сутуни хонадон нигоҳубин кардани ӯро ба духтари худ танҳо модар меомӯзонад.

Чун табиб   бо боварӣ гуфта метавонам, ки танҳо зани хушбахт метавонад тифли солим ба дунё оварда, шахси комил тарбия намояд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар ҷумҳурӣ ҳуқуқи зан аз ҷониби давлату Ҳукумат  ҳимоя мегардад. Зеро маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дўстиву рафоқат ва ваҳдати миллӣ мекорад, то оянда насли навраси мо масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсонпарвар ба воя расад.

АМИТ «Ховар»: Тинати занону модарони рўи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Дар ин росто рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

Ш.Бузурукова:  Зан -модар гаронбаҳотарин дороии ҳар миллат аст. Олим Алан Кэй  дар васфи зан-модар гуфтааст, ки «ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва  кирдорҳои модар  пуштибонӣ кунад». Оре, зан -модар худ таҷассуми зебоиву муҳаббат ва некиву ғамхорӣ ба ҳисоб рафта, фарзандони солим, солеҳ ва ояндагони хуштолеъро дар ҷамъият ба воя мерасонад.

Дар замони муосир рисолати зан-модар дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ хеле калон аст. Маҳз сухани таъсирбахши зан каҷравонро ба роҳи рост ва ҷинояткоронро ба адлу инсоф раҳнамун месозад. Аз ин лиҳоз, модаронро метавон  меҳрафзо ва машъали тобон, занонро идоматбахши наслу авлод ва духтаронро   зи ҷон маҳбубтари ҳар як хонадон гуфт.

Зани тоҷик аз азал зани меҳнатдӯст ва коргар буда, дар баробари мард барои ободии диёр ва оилаи худ дар тамоми соҳаҳо ҷаҳду талош дорад.   Зани тоҷик, бешубҳа, бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ воқеан  азизтарин нигини тоҷи миллати точикон  мебошад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз бонувони тоҷик бештар дар кадом соҳаҳо муваффақанд?    

Ш.Бузурукова: Бояд, гуфт, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ имкон дод, то дар кишварамон барои таъмини мавқеи устувори зан -модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шаванд ва занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи васеи сиёсат ворид гардида, имрӯз дар ҳамаи ҷанбаҳо муваффақу пешрав ҳастанд.

Чуноне Пешвои миллат дар Паёми худ зикр доштанд, имрӯзҳо   ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад. Ин мисоли равшани он аст, ки дар ҷомеаи муосир бе ширкати фаъолонаи зан наметавон ба дастовардҳои иқтисодию сиёсӣ ва маънавӣ ноил гашт.

Барномаҳои давлатӣ «Дар  бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» бозгӯи тадбирҳои амалӣ мебошанд.

Аз ҷумла, имрӯз дар вилояти Суғд аз шумораи зиёда аз 1,3 миллион нафараи занону духтарон 6733 нафарашон занони роҳбар ва 1267 нафарашон хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб мераванд. 46 нафар занону ҷавондухтарони болаёқату фаъол гирандаи Стипендияи президентӣ ва 97 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят буда, соли сипаригардида 60 нафар бонувони ҳунарманд ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гардиданд.

Дар ин замина дар шаҳри Хуҷанд баҳри татбиқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати омода намудани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда курси «Мактаби сарварӣ» таъсис дода шуда, имрӯз дар ҳамаи самтҳои хоҷагии шаҳр дар маҷмӯъ 1200 нафар занони роҳбар фаъолият доранд. Аз он  8 нафар дар Маҷлиси вакилони шаҳр ва 26 нафар дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Раванди фаъолнокии занон дар муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд чӣ гуна аст?

Ш.Бузурукова: Бояд гуфт, ки соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба солимии ҷомеа, таъмини соҳа бо таҷҳизоти аввалини тиббӣ ва фароҳамоварии шароити кории табибон диққати махсус дода мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд 1118 муассисаи тандурустӣ бо фарогирии 5025 нафар табиб ва 16 659 нафар корманди миёнаи тиббӣ ба аҳолии вилоят хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Соли 2018 баҳри беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва таъминоти муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир аз буҷети вилоят 391 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, инчунин ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят 387 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 11,9 миллион сомонӣ харидорӣ гардидааст. Ин бешак, ба пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.

Дар робита ба ин мебояд зикр кард, ки кормандони Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд низ  аз ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати кишвар баҳраманданд. Аз ҷумла,  чанде пеш маҳз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат бинои Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд, ки дар он беш аз 350 нафар занон, кормандони соҳаи тиб фаъолият доранд, ба таъмири кулл фаро гирифта шуда, он бо 68 навъи таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. Инчунин таҷҳизоти томографияи магнитии рақамии резонансӣ низ аз нав фаъол гардонида шуд, ки ин ҳама фароҳамоварии шароити мусоиди корӣ метавонад баҳри пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак, коҳиш додани теъдоди бурриши қайсарӣ ва хизматрасонии босифат мусоидат намояд.

АМИТ «Ховар»: Шумо ки зани рӯзгордида ҳастед, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро чӣ тавр таъмин мекунед?

Ш.Бузурукова:  Оила худ ниҳоди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Камоли ҳар зан-  ин албатта, модар шудан аст. Зеро зан-модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре ки бузургон гуфтаанд, бо як дасти худ гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад. Хосатан зан, ки чароғи хонадон ба ҳисоб меравад, мекӯшад, то дар хонадонаш доимо фазои орому созанда, ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад. Аз ҷумла, муҳаббат ба зиндагӣ ва ба аъзои дигари оила метавонад ин фазоро боз ҳам қавитару созанда гардонад. Шахсан барои ман истироҳати аз ҳама беҳтарин — ин дар оила бо аҳли наздиконам будан ва ба пухтани хӯрокҳои дӯстдоштаи онон машғул шудан аст.

Орзу дорам, ки зан -модари тоҷик фарзандони ба ору номус ба дунё оварда, тарбият намояд, то ҳар як фарзанди тоҷик дар қалби худ ҳисси баланди ифтихор ба падару модар, миллату сарзамин ва Пешвои миллати худ дошта бошад. Дар ин ҳолат ягон  нотавонбин ва бадхоҳи миллат наметавонад ба халқу Ватани мо осеб расонад.

Ҳамзамон тандурустиву  саодати хонаводагӣ, қалби пур аз муҳаббату зебоии ҷовидона, сарбаландиву некномӣ  таманно дошта, гуфтаниям, ки бигзор Рӯзи Модар ба ҳар пиру барнои диёр, занону модарони азиз ва духтарони меҳрубони мо хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад. Бигзор ҳар як зани тоҷик доимо хушбахту хуштолеъ ва соҳиби хонаи ободу фарзандони солеҳ бошад.

Март 8, 2019 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Маблағи грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор ба 5 миллион сомонӣ расонида шуд
Ба тибби тоҷик дар самти ташхис ва табобат 62 навгонӣ ворид гардидааст
Хадамоти иҷро: «854 нафар қарздорон сарҳади ҷумҳуриро убур карда натавониста, маблағи қарзро пардохт карданд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҷудошавии оилаҳо камтар шудааст
40 фоизи чарогоҳҳо аз ҳисоби истифодаи нодуруст дар ҳолати нобудӣ қарор доранд
Дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дастгоҳҳои рентгении дорои зеҳни сунъӣ насб гардид
Дар Кӯлоб масъалаи пешгирии фавти модару кӯдак баррасӣ гардид
ҲАНГОМИ ШАМОЛИ САХТ ВА СЕЛ ЧӢ БОЯД КАРД? Чанд тавсия вобаста ба ҳолатҳои фавқулода пешниҳод мегардад
Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи муосир барои санҷиши омилҳои гемофилия ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шири модар майнаи сари кӯдакро босуръат рушд медиҳад
Дар Душанбе ҷараёни амалишавии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ шуд
Иштирокчиёни Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон Қалъаи Ҳисорро тамошо намуданд