«Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффо»-таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи илмию назариявӣ доир гардид

Март 29, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  «Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффо»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи илмию назариявӣ доир гардид. Зикр шуд, ки ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи глобалӣ ва ба хотири ҳалли яке аз мушкилоти асосии зиндагии аҳли башар – дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар муддати даҳ соли оянда дар миқёси сайёра амалӣ мегардад. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки ҳарчанд мо дар саргаҳи обҳои мусаффо қарор дорем, бояд ҳамеша сариштакор бошем ва аз захираҳои об оқилонаву сарфакорона истифода намоем.

Ташкилкунандагони асосии ҳамоиши илмӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба  шумор рафта, дар он намояндагони ҲХДТ, коршиносони масоили об, донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози ҳамоиши илмӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маводи таблиғотӣ дар бораи ҷойгиршавии обҳои мусаффои Тоҷикистон тақдим гардид.

Сипас дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон конференсия ба кори худ оғоз кард. Иштирокдорон, аз ҷумла директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ Зайналобуддин Кобулиев, муовини сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ Гул Шарипов, ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар мавзӯи истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикии дарёҳои сарҳадгузари Тоҷикистон, сиёсати обии Тоҷикистон ва сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об изҳори андеша намуданд.

Зикр гардид, ки мояи хушнудист, ки бо қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  солҳои 2018 — 2028 Тоҷикистон бори дигар ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифт. Тоҷикистон дар олам бо номи «Кишвари обҳои мусаффо» маълум буда, дар ҳудуди он 948 дарёи хурду бузург, 7 ҳазор пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд мавҷуданд. Зиёда аз 50 дарёи бузурги манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ, ки аз оби пиряху барф ва борону обҳои зеризаминӣ сарчашма мегиранд, дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ нақши муассир доранд.

«Мо бояд бо ҳисси ифтихор ва эҳсоси масъулият ба фарҳанги истифодаи оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир бинамоем ва ба қадри ин неъмати худодод бирасем. Сарвари давлат барҳақ иброз доштаанд, ки арзиши об аз нафту газу ангишт ва дигар анвои сӯзишворию захираҳои энергетикӣ ҷиҳати устувории мамлакат ва минтақа кам нест»,-иброз дошт Зайналобуддин Кобулиев.

Ба андешаи иштирокдорон, ҳар яки мо бояд табиату об ва ҷойи зисти худро тоза нигоҳ дошта, дар ҳифзи табиат ва тозагии об саҳм гузорем.

Март 29, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Нархномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2025-2026 тағйир намеёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе терминали нав бунёд мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 850 мақомоту ташкилоти давлатӣ фаъоланд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид