30 нафар мутахассисони хориҷӣ барои гузаронидани ҷарроҳии дил ба Тоҷикистон омадаанд

Апрель 16, 2019 10:47

ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои гузаронидани ҷарроҳӣ миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 6 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон омадаанд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» хабар доданд, 13 апрели соли равон  бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон», инчунин зери сарпарастии Муассисаи «Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум»-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» давраи баргузории ҷарроҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ройгон оғоз гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, мақсади иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат буда, ба солимгардонии кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил равона гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки мутахассисони барои амалиёти ҷарроҳӣ ҷалбшуда    аз  Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ирландия, Баҳрайн ва Германия буда, ҳамзамон  мутахассисони варзидаи тоҷик низ дар гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил иштирок менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки тайи рӯзҳои 8-12 апрел зиёда аз 470 нафар кӯдакон аз ташхис гузаронида шуданд. Дар ҳамин замина 100 нафар кӯдаконе, ки бино бар доштани бемории нуқсони модарзодии дил зери хатар қарор доштанд, барои амалиёти ҷарроҳӣ тавсия шуданд. Давоми се рӯз  15 нафари онҳо бо роҳи эндоваскулярӣ ва 9 нафари дигар бо роҳи ҷарроҳии кушод бо мувафақият ҷарроҳӣ шуданд.

Амалиёти ҷарроҳӣ дар муассисаи мазкур то 21 апрели соли равон давом дошта, давоми ин муддат 70 нафар бо роҳи эндоваскулярӣ ва 30 нафари дигар бо роҳи амалиёти кушод ҷарроҳӣ хоханд шуд.

Апрель 16, 2019 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд