6 АПРЕЛ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШ. Он қосиди сулҳ, гарави саломатӣ ва воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат мебошад
ДУШАНБЕ, 06.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 августи соли 2013 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки ҳамасола 6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ҷашн гирифта шавад.
Мақсад аз қабули ин рӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ба ин восита ба ҳам овардани ҷавонону наврасон мебошад. Варзиш яке аз воситаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон мебошад. Он дар ҳаёти ҳар як нафар аҳамияти аввалиндараҷа дошта, пайваста байни мардум тарғибу ташвиқ мешавад. Варзиш воситаи беҳтарини муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб меравад. Мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд.
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадализода, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои квалификатсионӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки имрўзҳо варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони бонангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мавриди зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маҳсуб ёфта, он ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар масири таърих варзиш рукни муҳими ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди миллати тоҷик арзёбӣ гардида, он дар баробари тақвият бахшидани қувваи ҷисмонӣ барои наврасону ҷавонон ҳамчун майдони мукаммалгардонии неруи зеҳнӣ ва хислатҳои наҷиби инсонӣ хизмат менамояд. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳз соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маҳсуб мешавад. Он ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш рушд ёфта, варзишгарон пайваста дастгирӣ мешаванд. То имрӯз сохтмони иншооти варзишӣ дар ҷумҳурӣ бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар ҷумҳурӣ бо мақсади тарзи ҳаёти солим «Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ» гузаронида мешавад. Дар қаламрави мамлакат бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба таҳкими тарзи ҳаёти солим таҳти унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» машқҳои пагоҳирӯзӣ дар боғҳои С.Айнӣ, ҷавонон, Парчами давлатӣ, Дӯстии халқҳо, назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва мавзеъҳои барҳаво бо иштироки кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон, варзишгарону дӯстдорони варзиш доир карда мешаванд.








Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид






