ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То соли 2021 Душанбе ба яке аз шаҳрҳои пуриқтидортарини саноатии Осиёи Марказӣ табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 09.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саъю талош ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи Осиёи Миёна табдил меёбад. Аз ҷумла, тибқи нишондодҳои иқтисодӣ то соли 2021 Душанбе ба яке аз пуриқтидортарин шаҳрҳои саноатии Осиёи Марказӣ ва минтақа табдил меёбад.
Ин мавзӯъро хабарнигори АМИТ «Ховар» пайгирӣ намуда, маълумоти дастрасшударо пешниҳоди хонандагони сомона мегардонад.
Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода иброз дошт, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар пойтахт ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. То таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохта мешаванд. Минтақаи мазкур дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷойгир аст. Дар ин мавзеъ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманд бо ширкатҳои ватанию соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахтаву истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои рангаву худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.
Тибқи иттилои манбаъ, бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби кор мешаванд. Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии 9 корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар корхонаҳои Минтақаи саноатии Душанбе технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.
Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат», «Шаҳзода», «Грин Голд», «Норд Азия Металл», «Асрори Санг», «Ноқили Талко» ва «Технологияи барқӣ ва бехатарӣ» иброз доштанд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои навро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 20 сентябри соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.
Бояд илова намуд, ки соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуд. Тибқи иттилои муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоизро ташкил намудааст.
«Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 14,8 миллион, саноати коркард 1,5 миллиард сомонӣ расида, истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2018 зиёд мебошад. Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 28 миллион сомонӣ баробар шуд. Дар маҷмӯъ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр беш аз 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд», — илова намуд Маҳмадсаид Зувайдзода.
Мояи фараҳмандист, ки дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе заводи истеҳсоли автобусҳо ба фаъолият оғоз намуд. Корхонаи мазкур ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати тиҷорати туркии «Улишем» таъсис дода шудааст. Корхонаи мазкур иқтидори истеҳсолии автобусҳоро дар як сол то 300 адад расонида, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд.
Дар назар дошта шудааст, ки марҳила ба марҳила истеҳсоли микроавтобус ва мошинҳои боркаш низ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин дар пойтахт аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар ҳамбастагӣ бо яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар ин самт – ширкати туркии «Суперлит Бору» пешбинӣ шудааст. Инчунин қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор мебошанд. Барои истеҳсоли қубурҳои зиркгардида асосан маҳсулоти зерин, аз ҷумла қуми кварсӣ, нахи шишагин ва қатрон зарур мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи нақша, корхонаи мазкур дар майдони 4 гектар сохта шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 150 км қубурро ташкил медиҳад. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 50 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Истеҳсолоти мазкур ба пуррагӣ воридотивазкунанда буда, ҳангоми ба иқтидорҳои пурра баромадани истеҳсолот имконияти содирот намудани маҳсулоти корхона ба кишварҳои ҳамсоя пайдо мегардад.
Бояд хотирасон кард, ки 15 марти соли равон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бисот» иштирок намуданд. Корхонаи мазкур дар майдони қариб як гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иззатулло Давлатов бо харҷи беш аз 27 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравии замонавӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар маҷмӯъ иқтидори солонаи корхона коркарди зиёда аз 600 метри мукааб чӯб, 15 ҳазор адад тахтаҳои махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 1 ҳазору 500 маҷмӯи мебелҳои гуногуни мулоим буда, пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Германия ва Италия ворид карда шудааст.
Айни замон дар ин корхона зиёда аз 80 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд ва барои омода намудани мутахассисони соҳа аз ҷониби намояндагони бузургтарин ширкатҳои мебелбарории Германия, Туркия ва Булғористон курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ низ ба роҳ монда шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати рушди соҳаи саноат дар пойтахт як зумра тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» вобаста ба таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ моҳи ноябри соли гузашта бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мақсад аз таъсиси гурӯҳи мазкур ба роҳ мондани ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт ва таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ мебошад.
Тибқи қарори мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе -сарпарасти соҳа, якҷоя бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гурӯҳи корӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ бо ин қарор ба масъулин супориш дод, ки ба роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе ҷиҳати барқарор ва тибқи таъйинот ва мақсад истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда барои дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо огоҳнома ирсол намоянд.
Бо ин қарор ҳамчунин гурӯҳи корӣ муваззаф гардидааст, ки дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур намояд. Гурӯҳи корӣ инчунин вазифадор гардидааст, ки аз натиҷаи иҷрои корҳо то 1 майи соли 2019 маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»