Агентии обуҳавошиносӣ: аз 23 то 25 апрел дар Тоҷикистон боронҳои шиддатнок меборанд
ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 апрел дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ монда, боридани боронҳои шиддатнок дар назар аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.
Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, хусусан 24 апрел дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ бориши боронҳои ниҳоят шиддатнок дар назар дошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе низ борон шиддат гирифта, эҳтимолияти то як шабонарӯз боридани он дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин шабу рӯз дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Ваҳдат, шаҳри Хучанд, Панҷакент, Истаравшани вилояти Суғд ва шаҳри Бохтар, Кӯлоб, Данғара, ноҳияҳои Ховалинг, Восеъ ва Ш. Шоҳини вилояти Хатлон боронҳои ниҳоят шиддатнок меборанд.
Шаби 23 ба 24 апрел дар қисматҳои ҷанубии вилояти Хатлон каму беш чангу ғубор вазида, дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон шиддат гирифтани шамол дар назар аст. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд боридани боронҳои на он қадар шиддатнок пешгӯӣ мешавад.
Ба зикри сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ, шаби 24 ба 25 апрел дар натиҷаи боридани боронҳои шиддатнок якбора баландшавии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу Хингоб, Кофарниҳон ва Варзоб аз эҳтимол дур нест. Инчунин дар қисми зиёди минтақаҳои ҷумҳурӣ хатари фаромадани сел ва ярч дар назар дошта шудааст.
Дар охири моҳи апрел тағйир ёфтани вазъи ҳаво ва боридани борон бо раъду барқ дар назар буда, ҳаво 28-29 апрел дар як зумра минтақаҳо асосан бебориш мешавад.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






