Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад: 30 апрел дар Тоҷикистон борони шиддатнок меборад

Апрель 29, 2019 14:07

ДУШАНБЕ, 29.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор шуда, боридани  борони бошиддат дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,   шабонарӯзи наздик дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боронҳои  бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.    Боридани  жола низ  дар назар  дошта шудааст.

Рӯзҳои 29-30 апрел  бар асари боридани боронҳои шиддатнок дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин дар ноҳияҳои кўҳӣ ва доманакўҳии ҷумҳурӣ эҳтимолияти фаромадани сел дар назар аст.

Апрель 29, 2019 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад