ҒАЛАБА МУБОРАК! «Хуҷанд» дар майдонаш дастаи «Дордой»-и Қирғизистонро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар рақобатҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар майдонаш дастаи футболи «Дордой»-и Қирғизистонро қабул намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи дастаи футболи «Хуҷанд» хотима ёфт. Голи нахустини дидорро дар дақиқаи 17-ум футболбози меҳмонон Бекжан Сагинбаев ба нишон расонид.
Дар лаҳзаҳои охири қисми аввали рақобат футболбози шинохтаи дастаи «Хуҷанд» – Дилшод Восиев ба рақибон голи ҷавобӣ зада, ҳисобро мусовӣ намуд. Дар дақиқаи 63-юм Дилшод Восиев голи дуюмро ба ҳадаф расонид. Нуқтаи ниҳоиро дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев гузошт. Ӯ дар дақиқаи 89-ум голи сеюми дастаашро аз пеналти ба нишон расонида, пирӯзии дастаи «Хуҷанд»-ро таъмин намуд. Баъди ин бозӣ дастаи футболи «Хуҷанд» се имтиёз ба даст оварда, ба зинаи дуюми гурӯҳи «D» роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки шогирдони Виталий Левченко дар даври сеюм бо дастаи футболи «Алтин – Асир»-и Туркманистон рақобат мекунанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






