Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 10 ҳазору 500 оилаи ниёзманд кумаки хайриявӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 ҳазору 500 оилаи ниёзманд кумаки хайриявии маводи хӯрокӣ дастрас менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон хабар доданд.
«Ин кумакҳо ба оилаҳои ниёзманд расонида шуда, 50 кг орд, 3 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг нахӯд ва дигар маҳсулоти хӯрокиро дар бар мегиранд», — афзуд манбаъ.
Кумакҳои мазкур ба шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Хуҷанд, Варзоб, Рўдакӣ, Шаҳринав, Восеъ, Темурмалик, Данғара, Вахш ва Панҷ равона карда шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷамъияти мазкур оғози тақсимоти кумакҳоро 27 апрели соли равон аз ноҳияи Рўдакӣ ба роҳ мондааст. То 10 майи соли равон тибқи нақшаи муқарраргардида, кумакҳои башардўстона ба оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои мақсаднок дастрас карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти хайриявию башардўст баҳри дастгирии табақаи ниёзмандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамояд.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






