«Амонатбонк» ва «Газанфарбонк»-и Афғонистон ба ҳамкорӣ тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 04.04.2019/АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Газанфарбонк»-и Афғонистон» ҳамкории бонкиро тавсеа мебахшанд. Дар ин росто, масъалаҳои рушди ҳамкории «Амонатбонк» ва «Газанфарбонк» дар Душанбе дар меҳвари мулоқоти раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва муовини иҷроиявии «Газанфарбонк»-и Афғонистон Канишко Оийн баррасӣ гардид.
Сироҷиддин Икромӣ иброз дошт, ки ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвари ҳамҷавор-Тоҷикистон ва Афғонистон, бахусус хариду фурӯши молу маҳсулот дар қиёс ба солҳои қаблӣ густариш ёфтааст. Ин раванд имконият медиҳад, ки ҳамкорӣ ҷиҳати кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва интиқоли маблағҳои соҳибкорону тоҷирони ҳарду давлат тариқи бонкҳо низ рушд ёбад.
Зикр шуд, ки «Амонатбонк» имрӯз дар бозори байнибонкии Тоҷикистон бо 75 филиалу 546 марказҳои хизматрасонии бонкӣ миёни дигар бонкҳои кишвар мавқеи хосса дорад. Дар ин росто тавсеаи ҳамкории мутақобила миёни «Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Газанфарбонк»-и Афғонистон метавонад нақши муҳим дар самти интиқоли маблағҳо ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ гардад.
Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар доираи риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии бонкҳои марказии ҳарду кишвар бояд ба роҳ монда шавад.
Дар интиҳои мулоқот раиси «Амонатбонк» ба сардори идораи муносибатҳои байналмилалии бонк супориш дод, ки дар ин самт ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода намуда, маълумотро дар кӯтоҳтарин муддат пешниҳод намоянд.








Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






