Ансамбли бачагонаи рақсии «Зебо» дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Истамбули Туркия иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 25 апрели соли равон дар шаҳри Истамбул 14-умин Фестивали байналмилалии фолклории наврасон баргузор гардид. Дар ростои ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» бо пешниҳод ва дастгирии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул Ансамбли бачагонаи рақсии «Зебо» дар чорабинии мазкур ширкат намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳошияи иштирок дар Фестивал наврасони тоҷик бо Раиси ноҳияи Пендики шаҳри Истамбул Аҳмед Чин, Сардори Раёсати фарҳанги ноҳия Нури Синҷамли, хонандагони мактабҳо, шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷики муқими Истамбул мулоқот намуданд. Ҳунарнамоии наврасони тоҷик дар Фестивал мароқи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб карда, сазовори диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи баландтарини чорабинӣ «Ситораҳои фестивал» гаштанд.
Бино ба иттилои манбаъ, 23 апрели соли равон ба ифтихори ҷашни «Рӯзи кӯдакон ва соҳибихтиёрии миллӣ дар Туркия» наврасони тоҷик дар чорабинии фарҳангии шаҳри Истамбул ҳунарнамоӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин Фестивал наврасон аз 13 кишвар, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Туркия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Украина, Озарбойҷон, Сербистон, Индонезия, Чин, Маҷористон, Кипри Шимолӣ ва Муғулистон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали мазкур аз соли 2005 то ин ҷониб бо мақсади тарғибу ташфиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии кишварҳо доир мегардад.
Фестивали байналмилалӣ аз се қисм- маросими ифтитоҳ, ҳунарнамоиҳои кишварҳои иштирокчӣ ва қисмати хотимавӣ иборат буд.









Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






