Арабистони Саудӣ оиди амалҳои террористии наҳзат иттилоъ дорад

Апрель 11, 2019 14:10

ДУШАНБЕ, 11.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрели соли 2019 бо даъвати Маркази пажӯҳиш ва робитаҳои маърифатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафари Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ҷиҳати ширкат дар «Конфронси нахустини арабшиносии Осиё» ба шаҳри Риёзи ШАС доир гардид.

Дар ҳошияи конфронс Ф.Баротзода бо Мудири «Маркази пажӯҳиш ва робитаҳои маърифатии Арабистони Саудӣ» Яҳё Маҳмуд ибни Ҷунайд ва Мудири кулли «Ҷоизаи Шоҳ Файсал ибни Абдулазиз оли Сауд» доктор Абдулазиз ал-Сибайл вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ дар баробари дигар масъалаҳои вобаста ба конфронси баргузоршуда фаъолияти душманонаи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ баррасӣ гардид.

Ф.Баротзода ба зиёиёни ШАС оид ба алоқамандии Ҳизби наҳзат бо терроризму экстремизм, доир ба таърихи пайдоиш, ҷиноятҳо, кӯшиши табадуллот ва дигар амалҳои душманонаи аъзоёни ин ҳизби террористӣ маълумот пешкаш намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ташкилоти террористии наҳзат бо мақсади расидан ба амалҳои нопоки худ бо тамоми созмонҳои террористию ифротии хусусияти динидошта аз қабили «Ихвон-ул-муслимин» ва «Ҳизбуллоҳ» ҳамкорӣ намуда, роҳбарони онҳоро пешвоёни идеологии худ медонад.

Яҳё Маҳмуд ибни Ҷунайд дар навбати худ тазаккур дод, ки бархе аз кишварҳо бо мақсади амалисозии манфиатҳои геополитикии худ ва ихтилоф андохтан байни мусалмонон  аз тамоми роҳҳои зишт кор гирифта, дар ин самт ташкилотҳои ифротгаро ва террористиро барои бароварда кардани мақсадҳои худ истифода мекунанд. Ӯ изҳор дошт, ки дар бораи мардуми тоҷик, сатҳи маънавиёти он ва эҳтироми онҳо ба арзишҳои динӣ маълумоти зиёд дошта, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои дӯст бо ШАС мешиносад.

Абдулазиз ал-Сибайл, ки самти фаъолияташ ба  кор бо олимони кишварҳои мусалмоннишин равона карда шудааст,  зикр намуд, ки дар хусуси аз ҷониби ташкилоти террористии наҳзат дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кушта шудани симоҳои барҷастаи тоҷик ва зиёиёни маъруф маълумоти зарурӣ дорад.

Масъулини ШАС амалҳои террористии ҲНИ-ро маҳкум намуда, омодагии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои шарикона дар самти мубориза бар зидди терроризм, роҳ надодан ба фаъолияти душманонаи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Тоҷикистон баён доштанд.

Апрель 11, 2019 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид