Беш аз 2 тонна гӯшти мурғи воридотии ғайристандартӣ ба «Боғи ҳайвонот»-и пойтахт интиқол ёфт

Апрель 19, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 19.04.2019/АМИТ «Ховар»/. 2 ҳазору 343 кг гӯшти мурғи воридотие, ки  зимни санҷиши мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» аз лиҳози сифат ва бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ ҳисобида нашуд, ба сифати хӯроки ҳайвонот ба «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе  интиқол дода шуд.

Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мутахассисони «Тоҷикстандарт» зимни гузаронидани корҳои сертификаткунонии маҳсулоти гӯшти мурғи бутуни истеҳсоли Туркия, ки миқдори умумиаш 21 тоннаю 108 кг–ро ташкил медод, муайян намуданд, ки он аз рӯи санаи истеҳсол ба панҷ гурӯҳ раддабандӣ гардидааст. Аз ин миқдор 2 ҳазору 343 кг гӯшти мурғ аз рӯи нишондоди сифат ва бехатарӣ  ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқат накард ва ба «Боғи ҳайвонот»-и Душанбе пешниҳод карда шуд.

Тибқи хабари манбаъ, 21 тоннаю 108  кг гӯшти мурғи бутун аз ҷониби соҳибкори ватанӣ аз Туркия ворид карда шудааст.

Мусаллам аст, ки аз ҷониби кормандону мутахассисони «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбута дар самти ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок мунтазам тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар ин росто, мақомоти «Тоҷикстандарт» аз соҳибкорону воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ хоҳиш менамояд,  ки дар самти ворид намудани молу маҳсулот ба қаламрави мамлакат манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоранд.

Апрель 19, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид