Беш аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ аз кишвар таҳсили илм доранд

Апрель 6, 2019 11:16

ДУШАНБЕ, 06.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрели соли равон   дар толори конфронсии бинои «Созидание»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои «Маҳфили ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази робитаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм иштирок иштирок ва сухан карданд.

Тавре Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода  иброз намуд, бо  шарофати сиёсати сулҳпарвариву озодихоҳӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ  имрӯз дар хориҷи кишвар  беш аз 30 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм доранд. Аз ин рӯ таъсиси «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» амали нек ва самарабахш мебошад. Ин гуна ҷаласаҳо  барои идома  ва ҷоннок намудани фаъолияти маҳфил имконияти хуберо фароҳам меорад.

Ҷаласаи  Шӯрои мазкур  тариқи онлайн баргузор шуда, дар он донишҷӯёни тоҷике, ки  дар хориҷ аз  кишвар таҳсил доранд, онлайн (мустақим)  суҳбат намуда, мушкилот ва дастовардҳои  донишҷӯёни тоҷикро дар давлатҳои хориҷ иброз доштанд.

Бояд гуфт, ки «Маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта»  аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ 2 марти соли 2014 таъсис ёфта, дар 15 кишвар, аз ҷумла: Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Миср, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Украина, Полша, Германия, Британияи Кабир, Нидерландия, Малайзия ва Озарбойҷон аъзоёни фаъоли худро  дорад. Онҳо пайваста бо сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ буда, барномаҳои гуногун доир менамоянд.

Мақсад аз таъсис додани ин маҳфил баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва мустаҳкам намудани робитаи байниҳамдигарии донишҷӯёни тоҷики дар хориҷи кишвар таҳсилдошта мебошад.

Апрель 6, 2019 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд