«БО ДЕГ ШИНӢ – СИЁҲ ШАВӢ…». Устоди Донишгоҳи давлатии Данғара Шарифхуҷа Ҳасанов ба ҷавонон муроҷиат менамояд: терроризм зуҳуроти номатлуб аст ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳаёти ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 03.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар оғози қарни ХХ1 инсон бо ҳодисаи номатлубе, ки ба орзуву ниятҳои одаму олам таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ омадааст ва ин падида терроризми байналмилалӣ номида мешавад. Боиси тазаккур аст, ки амалҳои даҳшатноки терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртибот надоранд. Баръакс, онҳо аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд. Фитнагарону ҷаҳонхоҳон гурӯҳеро бо номи “Давлати исломӣ” ташкил ва барои анҷом додани ниятҳои муғризона ва инсонбадбинонаи худ ҷавонони кишварҳои гуногун (асосан мусулмонҳо)-ро ба доми худ кашиданд. Ин матлабро докторанти Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Шарифхӯҷа ҲАСАНОВ дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» баён дошт.
-Иддае аз ҷавонони тоҷик, — гуфт ӯ дар идомаи суҳбат, — бинобар надоштани дониши казоӣ гирифтори тарғиботу дасисаҳои экстремистӣ гардидаанд. Ва ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрвандонаш, ки асосан мусулмонанд, тамоми шароитро муҳайё кардааст. Аммо онҳо китоби муқаддаси Қуръонро, ки бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди зиёд дар тарҷума ба забони тоҷикӣ нашр шудааст, намехонанд, аз суннатҳои Паёмбари акрам (с) бехабаранд, аз ин рӯ зуд ба доми фитнагарон меафтанд.
Дар кишвар барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Аз ҷумла, соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин эътимод ба имрӯзу фардои неки насли ҷавон аст. Ин неруи бузурги созанда ҳамчунин бояд сипари боэътимоди Тоҷикистони шукуфони мо аз ҳама гуна хатарҳои терроризму экстремизм бошад. Ба ин хотир таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд ҳамеша дар хотир дошт: “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Мувофиқи маълумот, соли 2017 дар вилояти Суғд якчанд гурӯҳи экстремистӣ-динӣ аз тарафи мақомоти дахлдор дастгир шуданд. Чунончи, дар шаҳри Панҷакент гурӯҳе ошкор гардид, ки онҳо баҳри ташкили хилофат фаъолият дошта, як гурӯҳ ҷавононро барои ҷанг ба давлати Сурия равон карда буданд.
Барои мубориза ва раҳоӣ аз ин падидаи даҳшатбори ҷаҳонӣ моро зарур аст, то мардумро аз роҳҳое, ки онҳо барои ҷалби нафарон истифода менамоянд, огоҳ кунем ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодиро дар сатҳи қишрҳои гуногуни ҷомеа сари вақт ҳал намоем. Ин масъалаи муҳим дар баробари дигар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Тавре Сарвари давлат иброз доштанд: “Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад”.
Пешвои миллат ҳаногоми мулоқоту суҳбатҳояшон бо фаъолону сокинони ин ё он шаҳру навоҳӣ борҳо даъват кардаанд, ки «фарзандону ҷавононро аз ин роҳи бад баргардонед ва нагузоред, ки худро қурбонии тавтеъа, фиреб ва манофеи бегонагон кунанд».
Воқеан ҳам, садсолаҳо қабл мардум мегуфтанд: “Бо моҳ шинӣ — моҳ шавӣ, бо дег шинӣ — сиёҳ шавӣ”. Яъне ҳатто дар замонҳое, ки ҳанӯз мафҳумҳои “ҳамнишинӣ бо ТТЭ ҲНИ” ё “шарикӣ дар ҷиноят” вуҷуд надоштанд, мардум инро дар зиндагии худ таҷриба карданд…








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






