«Чангу хок дар Осиёи Марказӣ»- таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ,08.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Чангу хок дар Осиёи Марказӣ» оғоз гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конференсия олимони дохилӣ ва ҳудуди 50 нафар аз 17 кишвари дунё иштирок намуданд.
Конференсияро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт. Сипас, номбурда иқрор кард, ки конференсияи мазкур бинобар таҳқиқи олимони дохилию хориҷӣ ҷиҳати боридани чангу хок дар кишвар барои тамоми башарият муҳим мебошад. Айни замон, ки инсоният дар пешорӯи мушкилоти глобалӣ қарор дорад, яке аз чунин мушкилиҳо тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад.
«Азбаски мо дар минтақаи кӯҳистон қарор дорем, бештари чангу ғубор, ки аз биёбони Сахара аз як ҷониб ва аз сӯи дигар аз ҳудуди Туркманистон маншаъ мегиранд, дар кишвари мо ҷамъ шуда, ба саломатии аҳолӣ зарар меоваранд»,- иброз намуд Ф.Раҳимӣ.
Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳамоиши байналмилалии илмӣ, ки панҷ рӯз- то 12 апрели соли равон идома меёбад, масоили марбут ба паҳншавии чангу ғубор ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи он ҷиҳати рафъи боридани чангу хок баррасӣ мешаванд.








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






