ЧО-2019: Дилшод Назаров ба финали мусобиқаи гурзандозӣ роҳ ёфт

Апрель 24, 2019 10:51

ДУШАНБЕ, 24.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ба даври финали мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар ҷараён дорад, роҳхат гирифт. Даври интихобии қувваозмоии гурзандозӣ шоми   23 апрели соли равон  миёни 17 варзишгари 11 давлати қора баргузор гардид. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи  71.46 метр ҳаво дода, ҷои дуюмро ишғол намуд. Натиҷаи аз ӯ беҳтарро варзишгари мизбон Ашраф Ал-Сайфӣ (74.92) нишон дод.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар дод.

Бояд зикр кард, ки дар ин намуди қувваозмоӣ аз миёни 17 нафар 12 нафар дар даври финалӣ, ки шоми имрӯз – 24 апрел баргузор мешавад, барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров чор карат қаҳрамони Осиё (2009, 2013, 2015, 2017), барандаи 2 медали нуқра (2005, 2007) ва як медали биринҷии (2003) Чемпионати Осиё мебошад.

Бояд илова намуд, ки варзишгари дигари  тоҷик Гулсунбӣ Шарифова дирӯз дар қувваозмоии дав ба масофаи 200 метр миёни бонувон дар даври интихобӣ натиҷаи 23.99 нишон дода, натавонист ба даври финалӣ роҳ ёбад. Ӯ миёни 23 нафар ҷои 11-умро ишғол намуд. Дар даври финалии ин намуди қувваозмоӣ  8 нафар иштирок мекунанд.

Апрель 24, 2019 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд