Дар Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ оғоз шуд

Апрель 16, 2019 08:43

ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрели соли 2019  дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ  оғоз гардид.

Чемпионати мазкур  байни калонсолон (мардон)  доир шуда, дар он иштироки 8 даста аз  ВМКБ, Хатлон, Суғд,  минтақаи Ҳисор  ва шаҳри Душанбе  дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ   бори аввал дастаи вилояти Суғд иштирок менамояд.

Мусобиқа 4 рӯз дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ идома ёфта, 18 апрел ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони чемпионат сазовори унвони Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 гардида,  беҳтаринҳо аъзои дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тӯби дастӣ мегарданд.

Апрель 16, 2019 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт